ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ Мувофиқи моддаҳои 37 ва 39 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барои истифодаи телевизион ва радиои давлатӣ –Телевизиони «Тоҷикистон», Муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо», Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», радиои «Тоҷикистон», радиои «Овози тоҷик», радиои «Садои Душанбе», радиои «Фарҳанг» ва телевизиону радиоҳои давлатии маҳаллӣ ба ҳар як ҳизби сиёсии рӯйхати номзадҳояшон бақайдгирифташуда то 40 дақиқа ва ба ҳар як номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот то 20 дақиқа ройгон вақти эфирӣ ҷудо карда шавад.

2. Барои ҳизбҳои сиёсии рӯйхати номзадҳояшон бақайдгирифташуда ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чопи ройгони маводи ташвиқотӣ дар ҳаҷми то 8 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ, шрифти 14 муқаррар карда шавад.

3. Ҳизбҳои сиёсии рӯйхати номзадҳояшон бақайдгирифташуда ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот метавонанд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд, ки бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2025, №50 тасдиқ шудааст, маводи ташвиқотиро дар воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар асоси шартнома чоп кунанд.

4. Маводи ташвиқотии ҳизбҳои сиёсии рӯйхати номзадҳояшон бақайдгирифташуда ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои ҳудудии якмантатии интихобот дар матбуот таҳти унвони «Интихоботи вакилони халқ – 2025» нашр карда шаванд.

5. Ҳамин қарор расман интишор карда шуда, дар сомонаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шавад.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶумҳурииТоҷикистон Н. Самадзода ш. Душанбе, «16» январи соли 2025, № 60