17 декабр вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён доир гардидааст, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи баргузории рӯзҳои фарҳангро баррасӣ намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мулоқот оид ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, баргузории рӯзҳои фарҳанг ва дигар паҳлуҳои ҳамкорӣ мубодилаи афкор доир шуд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши бештари робитаҳои фарҳангӣ, баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба суҳбат намуданд.