Дирӯз дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Садо ва Симо»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Озмуни мақолаи беҳтаринро таҳти унвони «30 сол – барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
Дар маросими супоридани ҷоизаҳо Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Садо ва Симо» Нуриддин Саид ва аъзои ҳизб иштирок карданд.
Таъкид шуд, ки нақш ва ҷойгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккули давлатдории муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ низ мақом ва манзалати махсус дорад.Чуноне Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҲХДТ иброз намуданд: “Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буда, дар назди миллату Ватан, наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши худ гирифт”.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. Вазифа ва рисолати ҲХДТ имрӯз дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд.
Ҳамин тавр, дар озмуни мақолаи беҳтаринро таҳти унвони «30 сол – барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷойи якум насиби Давлатзода Олиҳа аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илм ва табиат”, ҷойи дуюм насиби Маъруф Назарзода аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Симо”, Бунафша Юсуфӣ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳнавоз” ва ҷойи сеюм насиби Исматуллои Ҳабибулло аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баҳористон”, Неъматулло Давлатов аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Садо” гардид.
Дар фазои танданавӣ ба ғолибон Диплом ва мукофотпулиҳо тақдим карда шуд.