Хонандагони тоҷик дар XVI Олимпиадаи авруосиёӣ аз фанни информатика дар Қазоқистон 17 медал ба даст оварданд

Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон XVI Олимпиадаи авруосиёӣ аз фанни информатика миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ҷамъбаст гардид, ки дар он Тоҷикистонро 39 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ намояндагӣ карданд. 

Дар ин бора сомонаи Вазорати маориф ва илм хабар дода, менависад, ки дар даври ниҳоии Олимпиада 77 даста бо фарогирии 231 нафар хонанда аз субъектҳои ФР, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат варзида, хонандагони тоҷик дар ин сабқат сазовори 3 медали нуқра ва дипломи дараҷаи II ва 15 медали биринҷӣ ва дипломи дараҷаи III гардиданд. 

16-умин Олимпиадаи авруосиёӣ аз фанни информатика миёни хонандагон санаи 13-14 декабри соли 2024 дар заминаи Донишгоҳи байналмилалии технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Алмато гузаронида шуда, ҳадаф аз баргузории Олимпиада тавсеаи салоҳияти иттилоотии хонандагон, баланд бардоштани фарҳанги иттилоотӣ ва дарёфти чеҳраҳои боистеъдод дар бахши технологияи иттилоотӣ, фанноварӣ ва моделсозии компютерӣ мебошад.