Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндаи навтаъини доимии Бонки Оисёии Рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо ҳамдигар шинос шуда, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушдро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об намояндаи навтаъинро бо вазъи кунунӣ ва афзалиятҳои соҳаи энергетика ва захираҳои оби кишвар ошно карда, аҳамияти ҳамкории БОР-ро дар рушди ин бахшҳо таъкид намуд.
Ко Сакамото, аз таъин шуданаш ба ҳайси намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, омодагии ҷониби худро барои идомаи дастгирии лоиҳаҳои рушди энергетика ва идоракунии самараноки захираҳои об изҳор дошт.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои муҳими кишвар изҳори умедворӣ намуданд.