ВОХӮРИИ ДАЛРЕ ҶУМЪА БО САФИРИ ИМА ВА РОҲБАР НАВИ USAID

16-уми декабри соли 2024 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер мулоқот намуд.

Дар ин бораи саҳифаи фейсбукии Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар дода, менависад, ки зимни вохӯрӣ роҳбари нави намояндагии Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) дар Тоҷикистон Ҷон Риордан муаррифӣ гардид.

Дар ин зимн, ҳамсуҳбатон ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА-ро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, ки тавассути Агентии рушди байналмилалии ИМА амалӣ мегарданд, баррасӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, бо итминон иброз гардидааст, ки дар онянда низ муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Агентии рушди байналмилалии ИМА дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика ва захираҳои об тавсеа ва тақвият меёбанд.