13 декабри 2024 дар доираи сафари кории ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ба Ҷопон мулоқот бо Муовини сардори департаменти Европаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон ва Фиристодаи махсус оид ба масоили Осиёи Марказӣ Ишикава Масаки доир гардидааст.
Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар дода, илова мекунад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушду тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Ҷопонро баррасӣ карданд.