Дар робита ба боришоти ахири барф дар минтақаҳои гуногуни кишвар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи муаасисаҳои нигоҳдории роҳҳо роҳ супориш додааст, ки ба таври шабонарӯзӣ кор карда, бо истифода аз техникаи мавҷуда роҳҳои автомобилгард ва роҳравҳои пиёдагардро сари вақт аз барф тоза намоянд.
Вазорати нақлиёт ҳушдор медиҳад, ки бад шудани шароити обу ҳаво барои ронандагони воситаҳои нақлиёт андешидани тадбирҳои махсусро талаб мекунад ва ба онҳо тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Вале дар сурати аз рӯи зарурат сафар кардан тавассути ағбаҳо ҳатман чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд, зеро воситаи нақлиёт бо чархҳои капронии тобистона дар зимистон метавонад дар роҳ ба ҳолатҳои ногувор дучор шавад.
Ба ронандагон инчунин тавсия дода шудааст, ки ҷиҳати бехатарӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ дар мошин занҷирҳои зиддилағзиш ва бел дошта бошанд.
Андешидани ин тадбирҳо бо мақсади бемамониат гузаштан аз ағбаҳо бо нақлиёти боркаш ва сабукрав ва ба вуҷуд наомадани тамбашавии сунъӣ дар роҳҳои куҳӣ зарур аст.