Рӯзи 4 декабри соли 2024 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷаласаро раиси Шуро — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо оғоз намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои қарори Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор ва роҳҳои таъмини иҷрои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025”, суханронӣ намуданд.
“ҶТ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани худ пайваста тадбирҳои заруриро дар самти мубориза бо тероризму экстремизм ва муомилоти ғайриқонуни маводи нашъаовар меандешад. ҶТ дар сафи пеши муқовимат бо қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба дигар кишварҳо қарор дошта, муддати зиёда аз ду даҳсолаи охир тадбирҳои заруриро андешида, ҳамкориҳои байналмилалии зиди муходиротиро дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст. Амалигардонии стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар ҶТ барои солҳои 2021-2030 ба он мусоидат менамояд, ки як қатор дастовардҳои назаррас дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонуни маводи нашъаовар, коҳиши сатҳи нашъамандӣ ва пешгирии афзоиши он ба даст оварда шуда истодааст”, – изҳор намуд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо.
Дар ҷаласа оид ба таъмини иҷрои талаботи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Рустамзода баромад намуда, изҳор дошт, ки маводи нашъаовар ва суистеъмоли он ҳамчун падидаи номатлуб ҳамеша боиси ташвиш ва нигаронӣ мебошад. “Василаи аслии решакан кардани ин вабои аср пеш аз ҳама дар баланд бардоштани сатҳи тафаккури аҳолӣ, донишу маърифти шаҳрвандон оид ба зарари марговари ин мавод мебошад. Аз ин хотир дар ин самт нақш ва фаъолияти шабакаҳои телевизион ва радиоӣ хеле бориз мебошанд”,-таъкид намуд муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Рустамзода.
Ҳамчунин, оид ба таъмини иҷрои талаботи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 муовини Вазири фарҳанг ва муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур намуданд. Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои дар рӯзнома пешбинигардида, ба вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳо дода шуд, ки чиҳати дар сатҳи зарурӣ таъмин ва иҷро намудани талаботҳои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар, назорати қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин пешгирии нашъамандӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар коҳиши сатҳи нашъамандӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои муҳокимагардидаи рӯзнома ва фаъолияти минбаъдаи Шуро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.