Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми соҳибкории Тоҷикистону Миср таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Вазири банақшагирӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Миср баргузор гардид.
Инчунин дар Форум намояндагони вазорату идораҳои ҳарду кишвар, соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистону Миср иштирок намуданд.
Ба иттилои ҳамкорамон Гулрӯ Ниёззода мақсад аз баргузории Форуми мазкур густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави кор дар самти ташкили корхонаҳои муштарак ба хисоб меравад.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки Форум барои табодули таҷрибаҳои беҳтарин байни намояндагони бахшҳои гуногуни иқтисодиёт имконияти беназир фароҳам овард.
Иштирокчиёни чорабинӣ изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср мусоидат хоҳад кард.
Пас аз қисмати расмии Форум вохуриҳои дуҷониба дар формати “Давлат бо соҳибкор” (©2В) ва соҳибкорони ду кишвар дар
формати “Соҳибкор бо Соҳибкор” (В2В) баргузор гардида, як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.