30 – СОЛИ МУЗАФФАРИЯТҲО БО ҲХДТ

Имрӯз, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии ҳизб барномаи фарҳангӣ ва қадрдонии аъзои ҳизб ба муносибати ин ҷашни арзишманд дар толори Мактаби бачагонаи мусиқии Одина Ҳошим баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино, инчунин раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои ҳизб ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳия иштирок намуданд.

Саравввал Гулаҳмадзода Зафар – намояндаи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ суханронии табрикотӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ намуда, фаъолони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино қадрдонӣ гардиданд.

Бахшида ба ҷашни 30-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии ҳизб ғолибони даври ноҳиявии озмун аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ”, “Беҳтарин раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ”, “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ”, “Беҳтарин раиси ташкилоти ибтидоӣ”, “Беҳтарин вакил”, “Беҳтарин таблиғотчӣ”, “Беҳтарин хабарнигор” ва беҳтарин таблиғгари дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, инчунин, “Кӯчаи беҳтарин” “Маҳаллаи беҳтарин” “Боғи беҳтарин” “Гулгашти беҳтарин”, “Майдончаи варзишии беҳтарин”, “Беҳтарин аъзои ҳизб” ва Супоридани дафтарчаҳои ҳизбӣ ба ҷавононе ки нав ба сафи ҳизб пайвастанд қадрдонӣ мегарданд.

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бахшида ба ҷашни 30-солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ, 30 000 аъзои ҳизб Саидов Қосим Саидалиевич – васлгари барқии ҶСК “Тоҷик СГЭМ” қабул гардида, бо тантана 3000 ҳазор сомонӣ, дафтарчаи ҳизбӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қардонӣ шуд.

Инчунин, аз ҷониби Ташкилоти суғуртавии “БИМА” ШАҲОДАТНОМА  ба маблағи суғуртавӣ  200 000 сомонӣ тақдим гардид.

Аз ҷониби Шӯрои Директорони ширкати сармоягузоронию идоракунии Ватании “FIFTYFIVE GROUP” маблағи пулӣ ва туҳфаи хотиравӣ тақдим шуд. Илова бар ин, аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ШАҲОДАТНОМА супорида шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Қ.С. ба медали “Шуҷоат ва ҷавонмардӣ”, инчунин туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

Дар фарҷом барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ бо иштироки санъаткорони маъруфи кишвар пешкаш гардид.

Муҷиддини САЙФИДДИН

радиои “Тоҷикистон