Тоҷикистон ва Эрон робитаҳоро дар соҳаҳои гуногун тавсеа мебахшанд

3 декабр дар шаҳри Машҳад дар ҳошияи ҷаласаи 28-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ароқчӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муколамаи созандаи сиёсӣ байни роҳбарони олии ду давлат ва тамоюли рӯ ба рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамзамон доир ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, захираҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин рушди сайёҳӣ, таъмини амният ва суботи минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.