Афзоиши муҳоҷирони иқлимӣ. То соли 2050 беш аз 260 миллион нафар манзилҳои худро тарк мекунанд


Тибқи маълумоти Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, то нимаи аср беш аз 260 миллион нафар бинобар тағирёбии иқлим, хушксолӣ, камбуди об ва шароити номусоиди биоиқлимӣ тарки манзил намуда, ба ҷойҳои дигар куч мебанданд. Танҳо дар соли 2023 беш аз 26 миллион нафар овора шудаанд.

Кишварҳое, ки дар паи офатҳои табиӣ оворагони бештар доранд, Афғонистон, Покистон ва Эфиопия мебошанд. Моҳи майи соли ҷорӣ дар натиҷаи обхезии шадид дар шимолу шарқи Афғонистон 315 нафар ба ҳалокат расида, беш аз якуним ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Моҳи август бар асари обхезӣ дар минтақаҳои қисми шарқии Бангладеш беш аз 4 миллион нафар зарар диданд.

Дар робита ба ин масъала СММ гузориш додааст, ки эҳтимол то 30 соли оянда аҳолии Африқои Ҷанубӣ, Осиёи Шарқӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Африқои Шимолӣ ва Амрикои Лотинӣ аз оқибатҳои раванди тағйирёбии иқлим таъсири манфӣ бинанд.