Имрӯз дар МД- ии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми иқтисодӣ дар мавзӯи “Рушди сабз дар минтақаи СПЕКА” ва сесияҳои пленарии гурӯҳҳои корӣ ба кори худ оғоз намуда, ҷараён дорад.
Дар кори Форум беш 100 намояндагони кишварҳои аъзои СПЕКА ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат дошта, рочеъ ба масъалаҳои муҳими аҳамияти глобалидошта, аз ҷумла рушди иқтисоди сабз, рушди устувори низоми нақлиёт, рақамикунонии савдо ва ҷалби сармоягузориҳо барои тадбиқи ҳадафҳои афзалиятноки минтақавӣ муҳокима гардид, ки барои тадбиқи рушди устувор мусоидат намуд.
Зимни ифтитоҳи Форуми мазкур таъкид рафт, ки Форум дар асоси ризоияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, дар ин раванд Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти рақамикунонии соҳаҳо дар доираи барномаи СПЕКА аҳамияти махсус зоҳир намуда, дар давраи раёсати худ “Рушди сабз”-ро ҳамчун масъалаи муҳими баррасишаванда пешниҳод намудааст.
Ҳамзамон гуфта гуфта шуд, ки СПЕКА соли 1998 бо ташаббуси СММ таъсис дода шуда, ҳадафи асосии он мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад. Дар тули солҳои фаъолият СПЕКА ба масъалаҳои муҳим, ба мисли савдои устувор, рақамикунонӣ, обу энергетика ва нақлиёт диққати махсус додаст.
Дар доираи Форум баргузории 6 ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои тағиёрбии иқлим ва амнияти энергетикию обӣ, нақлиёти тоза барои рушди устувор ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ба нақша гирифта шудааст.
Форуми иқтисодӣ дар мавзӯи “Рушди сабз дар минтақаи СПЕКА” тайи ду рӯз 26-28 ноябри соли равон идома хоҳад кард.
Олуфта Шарипова
радиои “Тоҷикистон”