Қадрдонии ғолибони озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе”

Имрӯз дар Гимназияи 74 -и ноҳияи Фирдавсӣ маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” доир гардид.

Дар оғози чорабинӣ муовини раиси ноҳия Шукурзода Саодат суханронӣ намуда, қайд намуд, ки ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” аз ташаббусҳои навбатии Раиси шаҳри Душанбе буда, барои баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигиву наттоқӣ, сарояндагиву овозхонӣ, баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташакули истеъдоду ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа мусоидат менамояд.

Дар идома ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни мазкур туҳфаҳои таъсисдодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Муҷиддини САЙФИДДИН
радиои “Тоҷикистон