Тағйирёбии иқлим ва олудашавии муҳити зист ба кӯдакон дар саросари ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад. Тибқи маълумоти ЮНИСЕФ, дар тӯли ду соли охир 400 миллион нафар мактаббачагон бар асари обхезӣ, хушксолӣ ва гармои шадид натавонистанд ба дарс раванд. Дар ин раванд, аз ҳама бештар Покистон ва кишварҳои африқоӣ осебпазиранд. 43% кӯдаконе, ки аз офатҳои табиӣ наҷот меёбанд, ба бемори руҳӣ гирифтор мешаванд. ЮНИСЕФ ҳушдор додааст, ки агар сари вақт чораҳо андешида нашаванд, ҳамасола 12,5 миллион духтари мактабхон метавонанд бидуни таҳсил бимонанд.