Имрӯз бо ташабуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолии кишвар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию фарҳангӣ зери унвони “Саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” доир гардид.
Чорабиниро Раиси Кумитаи мазкур Бунафша Файзуллозода оғоз намуда, иброз дошт, ки маҳз бо дасгирӣ ва иқдомҳои беназири Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, занону бонувон дар замони соҳибистиқлолӣ ба муваффақият ва дастовардҳои зиёде ноил гардида, дар пешрафти ҳаёти сиёси, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, тарбияи фарзандони худогоҳу худшинос, ватанпарасту ҳувияти баланди миллидошта саҳми назарраси худро мегузоранд.
Сипас муовини Сарвазири ҶТ Дилрабо Мансурӣ зикр кард, ки мақоми зан дар ҷомеа ва дар доираи татбиқи нақшаи амали “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунада аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030” бо мақсади баланд бардоштани донишу малака ва касбияти занону хизмачиёни давлати мавриди қарор дода мешавад.
Дар охири конфронс маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” баргузор гардид. Дар он ба 27 нафар хизматчиёни давлатии аз ҳисоби занон ғолибгардида ҷоизаҳо ва ба 38 нафар занону бонувони хизмати давлатӣ ҷиҳати иштироки фаъолона дар озмун Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати кишвар супорида шуд.
Сурайёи Сироҷиддин,
радиои “Тоҷикистон”