Аз 23 то 27 октябр дар Тоҷикистон ҳарорат то 1 дараҷа паст фаромада, боронҳои пай дар пай дар назар аст. Аз 28 то 30 октябр ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯйӣ мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар шаҳри Душанбе агар то имрӯз ҳаво рӯзона 26-28 дараҷа гармиро ташкид медод, аз 23 то 27 октябр шабона аз 9 то 11 дараҷа гарм ва рӯзона аз 18 то 20 дараҷа гарм мешавад.
Аз охири рӯзи 22 октябр ҳаво тағйр меёбад ва боридани борон шуруъ шуда, то 27 октябр идома мекунад.
Инчунин дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйрёбанда дар назар буда, боридани борон пешгӯйӣ мешавад. Дар ин рӯзҳо ҳаво аз 17 то 22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағирёбанда дар назар буда, боридани борон пешгӯйӣ мешавад. Дар вилоят ҳаво дар ин рӯзҳои боронӣ аз 18 то 23 дараҷа гарм мешавад.
Аз 23 то 27 октябр дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошидат дар назар аст. Ҳаво рӯзона аз 12 то 17 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин рӯзҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боридани боронҳои пай дар пай дар назар аст. Ҳарорати ҳаво рӯзона 11+14 дараҷа гарм мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: khovar.tj