50-умин мусобиқаи “King’s Cup-2024”, ки дар Таиланд ҷараён дорад, барои дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бе задани гол ба охир расид.
Тими миллии Тоҷикистон барои медалҳои биринҷии мусобиқаи “King’s Cup-2024” бо дастаи мунтахаби Филиппин рақобат намуда, бо ҳисоби калони 0 бар 3 ноком гардид. Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи “Тинсуланонд”-и шаҳри Сонкхла доир гардид.
Дар ин рақобат Холтманн (47), Табинас (58) ва Зико Бейлӣ (62) голҳои филиппиҳоро ба самар расониданд.
Дар даври ниманиҳоӣ Таиланд бар Филиппин бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз гардида, мунтахаби Тоҷикистон аз Сурия бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрда буд. Ба ҳамин тартиб мусобиқа барои бозигарони мо бебарор, ҳатто бе задани гол анҷом ёфт.
Ҳамакнун ин шом дастаҳои Таиланд ва Сурия барои қаҳрамонӣ миёни ҳам мубориза мебаранд. Ин вохӯрӣ соати 18:00 (бо вақти Душанбе) дар варзишгоҳи “Тинсуланонд”-и шаҳри Сонкхла оғоз мегардад.