Қонуни авф борҳо тамдид шуд. Раванди татбиқи он дар кадом сатҳ аст?

Моҳи июли соли 2021 қонун “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиcтон» мавриди амал қарор гирифт. Давраи амали қонун 12 моҳро дар бар мегирифт. Аз 20 июни соли 2022 амали қонун ба муҳлати як сол, то 5 – уми июли соли 2023 тамдид гардид.

Пас аз анҷоми ин муҳлат (21 июни соли 2023) парлумон тасмим гирифт, ки муҳлати амали онро боз 6 моҳи дигар тамдид намояд.

Парлумон тасмим гирифт, ки муҳлати амали қонун боз тамдид гардад. Моҳи феврали соли 2024 қонун барои як соли дигар тамдид шуд. Яъне, аз лаҳзаи қабул ва давраҳои тамдиди он  42 моҳро дар бар мегирад.

Ба иттилои Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, замони амали қонуни мазкур, то 5-уми январи соли 2024 маблағҳои умумии қонунигардонидашуда 5,9 миллиард сомонӣ ва миқдори шаҳодатномаҳо 4000-ро ташкил дод.

Ба бовари раиси Бонки миллӣ, дар ин марҳилаҳо қонун “на танҳо раванди қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон, инчунин, дигар дороиҳо, аз ҷумла молу мулки ғайриманқул, вусъат пайдо карда, ба устувории иқтисодиёти миллӣ мусоидат намуданд.”

Дар маҷмӯъ, аз замони амали қонун то 5-уми январи соли 2024 маблағҳои умумии қонунигардонидашуда 5,9 миллиард        сомонӣ ва миқдори шаҳодатномаҳо 4000-ро ташкил додааст.

Фирдавс Толибзода ба вакилон итминон дод, ки “бо назардошти натиҷаҳои мусбати қонун, ҳавасмандӣ ва муроҷиат барои идома ёфтани ин раванд зиёд буда, тамдиди муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маб­лағҳо ба як соли дигар ба мақсад мувофиқ аст.

Вале Комрон Исмоилиён, вакили Маҷлиси намояндагон зимни тамдиди қонун нигаронӣ намуд, ки “дар маҳалҳо ҳангоми қонунигардонии амволи ғайриманқул шаҳрвандон баъзан ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.”

Бинобар ин, пешниҳод кард, ки “ҳангоми татбиқи қонун онҳо ба назар гирифта шаванд.”

Қонун “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиcтон” ба нафароне, ки бидуни иҷозат, яъне бе гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдори иҷозатдиҳӣ, дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва қитъаҳои замине, ки барои бунёди манзил ва ё дигар объектҳо пешбинӣ шудаанд, метавонанд дар доираи қонуни афв, биноҳои худасрона сохтаашонро ба расмият дароранд.

Тибқи низомнномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо ва дигар молу мулки ғайриманқул масъулин вазифадоранд, ки ҷиҳати иҷрои  меъёрҳои ин қонун тамоми чораҳои заруриро андешанд ва ҷиҳати иҷрои ин қонун корҳои тарғиботию ташвиқотиро ба роҳ монанд.

Вале таҳқиқоту мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки дар баъзе аз шаҳру навоҳии кишвар комиссияҳо фаъолияташонро хеле дер шурӯъ карданд.

Ба иттилои Прокуратураи генералӣ, дар нимсолаи аввали 2024 ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо оид ба замин аз ҷониби мақомоти прокуратура 4970 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда 2,5 миллион сомонӣ маблағи зарар барқарор гаштааст. Ҳамчунин, 17 ҳазору 863 гектар қитъаи замини ғасбшуда ба ҳолати аввала баргардонда шуд. 

Дар ҳамин ҳол, Низом Мирзозода, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, амволи ғайриманқул, дороиҳое, ки бо замин алоқманд аст, бунёд шуда истодааст ва ба афви амвол фаро гирифта мешавад. Ҳуҷҷатгузории он бевосиста аз тарафи кормандони корхонаҳои бақайдгирӣ, кормандони кумитаҳои идораи замин, ки дар комисияҳо шомил ҳастанд, дар шаҳру ноҳияҳо корбарӣ мешавад.

“Прокураратура ва мақомоти он дар маҳалҳо санҷида баромаданд, баъзан сохтмонҳои ғайриқонунӣ ҳам ба афв фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба ин ҳолат эътирозҳои прокурорӣ низ ҳастанд.”, -иттилоъ дод ӯ.

Ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, ки ҷиҳати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои манзил ҳуҷҷатҳои онҳоро бинобар надоштани сертификат ё дигар баҳона қабул наменамоянд. Аз ҷумла, Сайфулло сокини ноҳияи Сино низ ҳамин мушкилро дошт.

Дар ҳамин ҳол, даҳҳо ҳамсӯҳбатони дигарамон иддао намуданд, ки онҳо низ ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудаанд. Ба гуфтаи муроҷиаткунандагон, ҳатто барои пур кардани намунаи ариза, ки бо қарори хукумат тасдиқ шудааст, аз онҳо то 80 сомонӣ меситонанд ва баҳона пеш меоранд, ки бе сертификат ҳуҷҷатҳояшонро қабул намекунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар номгӯи ҳуҷҷатҳои бо қарори ҳукумат тасдиқ шуда  барои қонунигардонӣ сертификат пешбинӣ нашудааст ва шаҳрвандон метавонанд бидуни ин ҳуҷҷат, яъне бо пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳои дар низомнома пешбинишуда, манзилҳояшонро ба расмият дароранд. Суоле ба миён меояд, модоме, ки дар рӯйихати номгӯйи ҳуҷҷатҳо сертификат мавҷуд нест  (шояд яке аз сабабҳои бунёди манзил надоштани сертификат бошад), масъулини комиссия дар кадом асос, хилофи қонунгузорӣ сертификат талаб мекунанд?!

Акрам Қаҳҳоров, муовини  дирктори КВД “Банақшагирии молу мулки ғайриманқул” дар як суҳбат ба мо тасдиқ намуд, ки ин амали масъулини коммисия хилофи моддаи 23-и низомномаи комиссия аст.

Музаффар Рустамов як корафтода буд, ки як солро барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои манзилаш паси сар кард. Дар ин миён буданд, миёнаравҳое, ки ба ивази $1000 ҳуҷҷатҳои манзили ӯро қонунӣ мекунанд. Аммо нахост пора диҳад ва худ бо ҷамъоварии имзоҳо шурӯъ кард,  вале бо харҷи беш аз 13 ҳазор сомонӣ ($1200) ҳуҷҷатҳояшро дуруст кард.    

Мо фаъолияти якрӯзаи КВД банақшагирии молумулки ғайриманқулро мушоҳида намоем. Таваҷҷуҳи моро нахуст нархномаи ҳаққи хизмат ҷалб намуд. Дар ягонҷо овезаеро бо дарҷи нархномаи хидмат надидем.

Коршиноси масоили иҷтимоӣ, собиқ корманди корупсия Саидакбари Абдулло мегӯяд, ки низоми ҳуҷҷатгузории давраи шӯравӣ, ба таври дилхоҳ рушд накардани ҳукумати электронӣ ва муҳимтар аз ҳама бюрократияи аз замони шӯравӣ меросмонда боис мегардад, ки ҳамингуна омилҳои сунъӣ рӯйи кор оянд. Гузашта аз ин, гуруҳи манфиатхоҳ низ ҷонибдори онанд, ки бояд шеваи кор чунин бошад.

Мушоҳидаи мо нишон дод, ки зимни амалигардии қонун “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиcтон” банди 2 моддаи 5 нақз мегардад.

Чаро?

Дар банди 2, моддаи 5 оварда шудааст, ки дар самти амалигардии қонуни мазкур комиссия вазифадор карда шудааст, ки муҳтаво ва ҳадафи Қонунро ба шаҳрвандони зертобеи мақомот фаҳмонанду онҳоро даъват ба қонунигардонӣ намоянд.

Ҷустуҷӯи мо нишон дод, ки чунин корҳои фаҳмондаҳӣ қариб вуҷуд надорад. Бештари мутахассисони бонкҳо, эълони  ташкилотҳои қарзӣ ба он даъват мекард, ки мардум дороиҳо ва маблағҳои худро қонунӣ гардонанд. Вале дар мавриди дуруст кардани ҳуҷҷатҳои дахлдори иҷозатдиҳӣ дар масъаллаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва қитъаҳои замин эълонеро пайдо накардем.

Тибқи муқаррароти Низомномаи фаъолияти комиссия, пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар муҳлати аз 10 то ба 20 рӯз ҳуҷҷатҳо баррасӣ гардида, эъломияи қонунигардонӣ омода гардад.

Аммо Садбарг (номи шартӣ) аз ноҳияи Шоҳмансур моҳи июн бо комиссия ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намуд. Вале баъд аз гузашти қариб се моҳ занг зада, гуфтаанд, ҳуҷҷатҳоёш гум шудаанд. Бинобар ин, таклиф намуд, ки барои ҳарчӣ зудтар ҳалли масъалла нусхаи ҳуҷҷатҳоро дубора пешниҳод намояд.

Комиссияҳо оид ба қонунигардонии дороиҳо ва дигар молу мулки ғайриманқул дар шаҳру навоҳӣ ҳафтае ду маротиба корафтодагонро қабул мекунанд.  Вале на ҳама барои ҳама рӯзҳои муқарраршуда мувофиқ аст.

Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ тасдиқ мекунад, ки комиссия ду рӯз муроҷиатҳоро қабул мекунад ва дар ним соли 2024-ум 3400 муроҷиатро қабул гардида аз он 2800 ҳолат мусбат ҳал шудд, 600 муроҷиатро бинобар доштани камбудӣ қонеъ накарданд.

Ба ҷойи хулоса

Пайгирии мо нишон дод, ки бо вуҷуди  тамдиди ин қонун то ҳол масъалаи барасмиятдарории манзилҳо ҳалношуда боқӣ мондааст. Монеъаҳои сунъӣ гоҳо эҷод мешавад. Аз ҷумла, талаби ҳуҷҷатҳои иловагӣ (сертификат), сари вақт омода накардани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби комиссия ва ба дарозо  кашидани вақт мушкил боқӣ мондааст, ки садди тадбиқи саривақтии қонуни мешавад. Файзалӣ барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои манзилаш наздики як сол сарсон шуд ва дар ниҳоят бо саргардониву ташвишҳои зиёд манзилашро ба расмият дароварданд. Бояд гуфт, маълумоте, ки баъзе комиссияҳо пешниҳод менамоянд,  ин танҳо омор аст ва ин омор  ҳолати чӣ гуна ва дар кадом вақт  ба расмият даровардани манзилҳоро ифода намекунад. Мусоҳибони мо низ дар суҳбатҳо ин омилро тасдиқ карданд.

Хулоса, мураккаб  будани дарёфти  иҷозатнома  барои бунёди манзил ва тартиби гирифтани сертификат ҳолатҳои коррупсиониро ба миён меорад. Аз ин рӯ гузариш, ба системаи электронӣ ва муроҷиат тариқи барномаҳои нави хуҷҷатгузорӣ бояд дар ин самт амалӣ гардад.