Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзуи «Конститутсия-кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» доир гардид.
Иштирокчиёни конференсия бо маърузаҳои пурмуҳтаво дар мавзуҳои мубрам оид ба нақши Конститутсия дар таҳким ва рушди давлатдории Тоҷикистон, Конститутсия заминаи эъмори давлати демократию ҳуқукбунёд, нақши Конститутсия дар инкишофи низоми ҳуқуқ ва конунгузории миллӣ, масъалаҳои конситутсионализм ва, фарҳанги конститутсионӣ,таъмини суботи конститутсионӣ, асосхои конститутсионӣ-хуқуқии таъмини амнияти миллии Точикистон, масъалахои назорати судии конститутсионй, таъмини Волоияти Конститутсия, нақши Конститутсия дар ташаккул, рушд ва таҳкими ҳокимияти суди, Конститутсия заминаи асосии ташакули фарҳанги хуқуқии аҳолӣ, иқтидори экологии Конститутсия ва дигар масъалаҳои рӯзмарра баромад карланд.
Таъкид гардид, ки 6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷониби мардуми хирадсолори мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалкӣ қонуни асосии давлат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Қабули ин санади тақдирсоз ифодагари дастгирии халқ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёби гардида, татбиқи бомароми меъёрҳои он ба пойдории сулҳу ваҳдат, соҳиби обруву эҳтироми ҷомеаи чаҳонӣ гаштани давлат ва ба кишвари ободу зебо табдил ёфтани Ватани азизи мо мусоидат намуд.
30 — соли амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар хақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.
Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷонибдории давлате раъй дод ва онро ҳамчун ояндаи худ интихоб кард, ки дар ин давлат волоияти қонун ҳукмрон буда, ҳамаи аркони давлатдорӣ аз ҳуқуқ сарчашма мегиранд. Гузашти солҳо, дурустии роҳи интихобкардаи мардуми тамаддунофари моро бо сарварии Пешвои муаззами миллат, баҳри ташкили давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ собит сохт.
Дар ҷамъбасти Конференсия маърузаҳои иштирокчиён мавриди музокира қарор дода шуда, иброз намуданд: «Сӣ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки ин санади тақдирсози миллат ҷавобгуи манофеи халқи кишвар буда, барои пешрафту шукуфоии ин сарзамину миллати куханбуёд хизмат хохад кард.