Имрӯз дар меҳмонхонаи Ҳайат реҷенсии шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони “Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор” баргузор гардид.
Bштирокчиёни форум доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатии солимгардонии Тоҷикистон, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, табодул андеша намуданд.
Бо шарофати Истиқлолият ва азму талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ рушди бесобиқа ёфта, зарфияти сайёҳии мамлакат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегардад.
Муҷиддини Сайфиддин,
радиои “Тоҷикистон”