ВАРО БУЗУРГИВУ НЕЪМАТ ЗИ ОЛИ СОМОН БУД

Ба пешвози Рӯзи Рӯдакӣ — 22 сентябр.

Пардохтани ривоёт ба хотири бознамудани азамат ва шукӯҳи неруи халлоқаи табъи суханварон ва нуфузи сухани эшон як таҷрибаи бисёр дерин будааст, ки танҳо ба адабиёти форсу тоҷик маҳдуд ва махсус намегардад, балки ин шева дар адабиёти соири милали ҷаҳон ривоҷи тамом доштааст. Беш аз ин, метавон гуфт, ин худ як пора ва як бахши ҷаззобтарин ва пурхонандатарини адабиёти ҷаҳон аст. Аз ҷумла дебочаи шуҳрати ҷаҳонии «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ривоят дар бораи моҷарои эшон бо Султон Маҳмуд гардидааст ва ҳатто шоири номвари олмонӣ Ҳенрих Ҳейне онро ба силки назм кашида аз он достони дилангезе ба вуҷуд овардааст. Ҳамчунин, мухлисони ин соҳиби «теғи буррандаи порсӣ» ҳаргиз ривояти мушоираи ӯ бо шоирон Фаррухӣ, Анварӣ ва Асҷадиро наметавонанд бидуни ҳаяҷон мутолиа намоянд ва наметавонанд аз ривоят дар бораи посухи қотеъи руҳи тавонои ӯ аз қалби хокдон ба Амир Темури ғосиби мағрур ифтихор нанамоянд. Ривояти мутаассир шудани Аҳмад бинни Абдуллоҳи Хуҷистонӣ аз чаҳор мисраъ шеъри Ҳанзалаи Бодғисӣ, ки маншаи ҳиммат ва шуҷоате дар вуҷуди ӯ гардида, ки ӯро аз остони харбандагӣ ба осмони вилояти Хуросон сууд медиҳад, низ аз ин қабил ривоёти дилпазир ва ҳикматомӯз буда, ҳамеша чун санади нерӯи каломи матин арза шудааст.

Бидуни истисно, ҳамаи ин ривоёт печида дар ҳолае аз ибҳом аст ва агар нисбат ба ин ривоёт аз дидгоҳи мантиқи илми таърих, бостоншиносӣ, табииёт ва аз ин қабил доварӣ шавад, пайкари ороста бо латоифи тахайюли онҳо ҷиддан осебпазир мегардад. Чунин бархурд бо ин ривоёт як бархурди ғайриусулӣ хоҳад буд, зеро ровиёни он ҳам дар зимни нақли ин ривоёт ҳаргиз бо иддаъои таърихнигорӣ ва ё санаднигории илмӣ ҳам хома нарондаанд ва худ муътақид будаанд, ки бо ҳикоят ва ривоят кор доранд.

Аммо дуруст ин аст, ки шеваи бакоргирӣ ва меъёри сиҳҳату сиқами ин навъ ривоёти адабӣ бояд аз дидгоҳи адабиётшиносии илмиву назарӣ таъйин гардад, то мабодо чунин ривоёт боиси сӯитафоҳум, таҳрифи таърих, таҳрифи шахсиятҳо ва арзишҳои адабиву маънавӣ ва латмапазирии арзишҳо ва манофеъи милливу таърихӣ гардад.

Агар бо ин мулоҳизот мо ривоёти мазкурро мавриди доварӣ қарор бидиҳем, дар маҷмӯъ метавон аз дидгоҳи ривоят онҳоро «рост» ва судманд гуфт, зеро ҳадди инсофро дар бораи Ҳакими Тӯс, ки воқеан дар даврони худ ба он нарасида ва дар ин нокомии нисбӣ бешак салтанати замонаш ва ҳампешагони бодаму дастгоҳи замонаш беайб набудаанд, барҷой меорад ва ҳатто барои ҳикматомӯзӣ ҷое ҳам барои ислоҳи мусбати Султон Маҳмуд ва шоирони дарбори ӯ боқӣ мегузоранд, ки ин иқрори ишон бар тавоноии табъи Фирдавсӣ пас аз даргузашти шоир мебошад. Ин ислоҳ моро ҳам ислоҳ мекунад. Ва аз ривояти марбут ба Абдуллоҳи Сиҷистонӣ ҳосили мо танҳо ин мешавад, ки қимати он шеъри воқеан олӣ ва омӯзандаро бишиносем ва ба ҳақ барои Ҳанзалаи Бодғисӣ ва дар маҷмӯъ сухани воло дараҷа қоил шавем.

Агар ба фарз Фирдавсӣ шоире нотавон, шуҳратхоҳ, таммоъ, моҷароҷӯй мебуд ва касоне бо ғарази шуҳрат додани ӯ ин ахборро ҷаъл мекарданд, ин ривоёт ҳам амалан ва ҳам аз дидгоҳи назарӣ «дурӯғ» ва боиси таҳриф дар меъёрҳои адабиётшиносӣ ва суханшиносӣ мегардид ва бешак онҳоро бояд мардуд медонистем. Аммо чи ҳоҷати гуфтан, ки ин ривоёт ба масал беш аз нуқтае рангин дар як тоқчаи кохи мӯҳташами «Шоҳнома» нестанд.

Мусаллам аст, ки дар ин миён шуҳрати бештаринро ривояти марбут ба қасидаи маъруфи Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо матлаъи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» ва мутаассир гардидани Насри Сомонӣ аз он ба худ ихтисос додаст. Шӯҳрати ин ривоят дар миёни хосу ом моро аз иқтибоси он бениёз мекунад. Ҳоло бубинем, ки то чи ҳад ин ривоят аз пойдевори воқеият бархурдор аст:

— Рӯдакӣ тавонотарин шоири аҳди худ аст ва ояндагон низ устодии эшонро бар худ мусаллам донистаанд.

— Рӯдакӣ то замони ба узлат афтодан суханвари (ва низ хонандаи) дараҷаи аввали хонадони Сомониён будааст, пас шеъре нофизтар аз шеъри (ва суруди) ӯ барои Сомониён набудааст. Шеъре ки танҳо мадҳ нест, балки панд ва роҳнамоӣ ҳам ҳаст.

— Рӯдакӣ аз бастагони дарбори Сомониён ва дар сафару ҳазар бо эшон будааст.

— Бухоро қиблаи муҳаббате аст, ки ҳам Рӯдакӣ ва ҳам Сомониён яксон ба он рӯй меоранд ва тасаввури дигаре дар ин миён муҳол аст.

Бештар аз ҳамаи инҳо, ки гуфта шуд, ситоиши Рӯдакӣ аз амирони Сомонӣ, бавижа Наср бинни Аҳмади Сомонӣ бо маддоҳии шоирони дигар қобили муқоиса нест. Ин ситоиши ростин ва ифтихоромезе аст, ки Рӯдакӣ онро ба хотири сила, дар баҳои динору дирам накарда, балки аз неъмати Сомониён бидуни он ҳам бархурдор аст ва онро чун як амри воҷибе, ки ба ҷой овардани шукри неъмати аз пеш мабзулшуда аст, медонистааст:

Воҷиб набувад ба кас бар афзолу карам,

Воҷиб бошад ҳаройина шукри ниъам.

Тақсир накард хоҷа дар новоҷиб,

Ман дар воҷиб чӣ гуна тақсир кунам?

Рӯдакӣ худ мӯътақид аст, ки ончи мегӯяд бофтаву пардохта нест, тасаннуъу тафаннун нест, балки айни воқеиятро мегӯяд:

Ман ончи мадҳи ту гӯям дуруст бошаду рост

Маро ба кор наёяд сирешиму кабдо.

Ва онгуна, ки бо ифтихор Бухороро камтар аз Бағдод намедонад, ин эҳсоси ифтихор аз салтанати мустақил дар мавриди интихоби мамдӯҳ ҳам баён мегардад:

Чи ман гар ҳамеша ситогӯй бошам,

Ситоям набошад наку ҷуз ба номат.

То даргаҳи ӯ ёбӣ, магзар ба дари кас,

Зеро ки ҳаром аст таяммум ба лаби ям.

Рӯдакӣ, ки худ шахсан ва қалбан саршор аз ифтихори таърих ва фарҳанги шукуҳманди дерини миллати худ аст, Насри Сомониро ба он хотир меситояд, ки:

Рустамро ном агарчи сахт бузург аст,

Зинда бад-ӯяст номи Рустами Дастон.

Аз нигоҳи шеърӣ шояд муболиға ба назар мерасад, вале оё ин рост нест, ки маҳз салтанати Сомониён, сиёсат ва фарҳанги сомониён боиси зиндагии дубора ёфтани Рустами Дастон – бошукуҳтарин ва ҷомеътарин мазҳар ва намоди қудрати заволнопазири паҳнаи Ориё гардид? Яъне Рӯдакӣ рост мегӯяд, ки рост мегӯяд ва рост мегӯяд ки:

Гуфт надонӣ сазош, хезу фароз ор

Он-к бигуфтӣ чунон-к бояд натвон.

Ба ростӣ муътақид аст, ки ҳарчи дар васфи Сомониён бигӯяд камтар аз воқеияти ҳол аст. Ва гоҳо тахайюли сайёли шоир ба водиҳои шигифте раҳ мебарад, ки кас гумон мекунад, агар ин нодира дар воқеъ набуд, андешидан ва фарз кардани чунин коре ҳам муҳол буд:

Шоҳе, ки ба гоҳи разм аз родӣ,

Заррин биниҳад ба тир-дар пайкон,

То куштаи ӯ аз он кафан созад,

То хастаи ӯ аз он кунад дармон.

Аммо баландтарин ва мухлисонатарин бонги сипос ва ифтихори устод Рӯдакӣ аз хонадони Сомониён аз қасидаи маъруф ба «Шикоят аз пирӣ» ба гӯш мерасад:

Киро бузургиву неъмат зи ину он будӣ,

Варо (маро) бузургиву неъмат зи Оли Сомон буд.

Яъне устод Рӯдакӣ на аз худи он бузургиву неъмат, балки аз масдари олии он, ки хонадони Сомониён аст ифтихор мекунад. Он гуна ки дар мақоли содаи мардумӣ гуфта шудааст: «Хокро бигирӣ, аз хоктеппаи баланд бигир». Ин замонест, ки дигар қудрате ончунонӣ аз салтанати Сомониён боқӣ намонда, то Рӯдакӣ, филмасал, ба тамаъ ё эҳсоси тарс онро биситояд. Аз сӯи дигар ин санади қотеъе аст, ки Рӯдакӣ то поёни умр аз хонадони Сомониён эҳсоси сипос ва ифтихорро доштааст. Пас ҷои шакку тардид ҳам нест, ки касе аз ин хонадон дар ҳаққи ӯ зулм накардааст.

Беш аз ин Рӯдакӣ барои неъмат ва дороиҳое, ки аз дигарон мерасида, ҳамчунон аз Сомониён сипосгузор будааст, чун он ба баракати ҳимояти эшон будааст, зеро пеш аз байти мазкур омадааст:

Куҷо ба гетӣ будаст номвар деҳқон,

Маро ба хонаи ӯ сим буду ҳумлон буд.

Ин ҷо ногузир аст, то дар робита ба мавзуъ аз мақолаи воқеан ҷолиби донишманди арҷманд устод Расул Ҳодизода, ки дар таҳқиқ ва интишори осори устод Рӯдакӣ хадамоти арзишманде анҷом додаанд, ёдовар шавем. Дар ин мақола («Афсона ва ҳақиқати «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён». Адабиёт ва санъат, 17 сентябр соли 2010) асосан ба истинод ба як фармудаи устоди зиндаёд Саид Нафисӣ ва як байт аз ҳамин қасидаи «Шикоят аз пирӣ» дар хусуси ривояти машҳури марбут ба ин шеър, мутаассир шудани Насри Сомонӣ аз он ва нисбати он ба амир Наср таҷдиди назар менамоянд. Он байт, ки бештар асоси ин таҷдид назар шудааст, ин аст:

Бидод мири Хуросон-ш чил ҳазор дирам,

Дар ӯ фузунии як панҷ мири Мокон буд.

Ба назари мо ин ҷо қабл аз ин навиштаи устод Ҳодизода дар манобеъи дигар дар тафсиру тарҷума ва ҳамчунин навишти ин байт дар ибораи «як панҷ» иштибоҳ рафтааст. Баъзан чунин таъбир мешавад, ки гӯё мири Мокон панҷяки дороии худ ва дар мавриди дигар гӯё ҳашт ҳазор дирам (яъне панҷяк аз 40-ҳазор) изофа кардааст. Дар ҳоле, ки агар «фузунии як панҷ мири Мокон навишта шавад», «як панҷ» онгуна, ки имрӯз дар забони зиндаи тоҷикӣ маъмул аст, маънои «тақрибан панҷто»-ро дорад. Маслан, мегӯянд, «як даҳто» ё «ягон шашто». Ва манзури Рӯдакӣ аз «ӯ» мисли байтҳои пешин дар ин сурат метавонад худи шоир бошад, ки «ӯ» гӯё дороие (ва имтиёзе) дошт, тақрибан панҷ баробари дороии мири Мокон. Вале агар фарз кунем, ки ҳамон панҷяки чил ҳазор дар назар аст, чун дар байти баъдӣ омада, ки:

В-аз авлиёш пароканда низ ҳашт ҳазор

Ба ман расид, бад-он вақт ҳол чунон буд.

Пас бояд чунин бинависем «Дар ӯ (яъне 40-ҳазор дирам) фузунии (фузудаи) як панҷи мири Мокон буд». (Агар ин ҷо ҳам фарз кунем, ки калимаи «фузунӣ» маънои «фузуда»-ро дода метавонад. «Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро»). Вале бо таваҷҷӯҳ ба мавзуъи мавриди баррасӣ муҳимтар ин аст, ки байтҳои баъдӣ ҳамоно далел бар сипосгузории Рӯдакӣ маҳз аз амир Наср аст, зеро ин ҳама ба амри ӯ ва ба риояти хотири ӯ сурат мегирифтааст:

Чу мир дид сухан дод доди мардии хеш,

Зи авлиёш чунон, к-аз амир фармон буд.

Равиши калом ва шуҳрати сарвати бисёр зиёди устод Рӯдакӣ ҳам далолат бар он мекунад, ки ин набояд силае бошад, ки барои як бор ба Рӯдакӣ расида, балки, масалан, нафақаи доимии солона бошад.

Пардохтан ба ин ҷузъиёт ҳам танҳо ба иқтизои тарҳи мавзӯъ ва чунин рабти машкуки ин пораи «Шикоят аз пирӣ» бо «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» аст (ки гӯё дар васфи мири Мокон бошад), вагарна чун бар асли куллиёти офаридаҳои табъи устод Рӯдакӣ ва бавижа баландовозатарин ситоишномаи ӯ аз амир Наср, яъне «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» доварӣ шавад, ба равшанӣ маълум мегардад, ки «дари хазона ба муҳри киву нишонаи кист». Муҳол аст, ки устод Рӯдакӣ ба ҷуз амири Сомонӣ дигареро «моҳи осмони Бухоро» ва «сарви бӯстони Бухоро» биномад. Ва он ҳам дар таркибе, ки таъкид бар хос будани яке бар дигаре (ин осмон ба ин моҳ ва ин сарв ба ин бӯстон) мешавад.

Ин чиз ҳам аз ахбори таърихнигорон маълум ва мусаллам буда, ки амири Наср сафаре ба он сӯи Ҷайҳун дошта ва устод Рӯдакӣ ҳам дар рикоби эшон будааст. Танҳо чизе, ки машкук боқӣ мемонад, тули иқомати амир Наср дар он сӯи Ҷайҳун аст. Яъне 4 сол. Пас барои ровиён ҳамин қадар ҳақ додан лозим мешавад, ки дар тули иқомати амир муболиға карда бошанд. Дигар ҳама асбоб барои сурудани «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» ва ташвиқи амир ба сӯйи Бухоро муҳайёст. Шояд амир рӯзе ё ҳафтае даранг карда бошад ва он ҳам на ба хотири тафреҳ балки ба зарурати ногузир ва ё шояд соате ҷое нишаста бошад ва дар он маҷлис устод Рӯдакӣ ин қасидаро суруда, ки аҳволи амирро дигаргун кардааст, чун қалби ӯ ҳамеша оганда аз меҳри Бухоро будааст ва тибқи масали машҳур “Чароғеро, ки бар сар дуд бошад, зуд дар гирад”. Ҳаройина, маъқултарин доварии то кунун мавҷуд ҳамон доварии устод Сайид Нафисӣ боқӣ мемонад, ки фармуда «Пас ягона чизе, ки метавон аз ин достон пазируфт, ин аст, ки вақте Наср ибни Аҳмад аз Бухоро берун рафта ва дарбориёнаш Рӯдакиро барангехтанд, бо ин ашъор коре бикунад, ки зудтар ба пойтахт баргардад. Ва ин нукта аз баёни Рӯдакӣ дар ин ашъор комилан бармеояд ва дигар ҳоҷат ба ин шохаву баргҳо ва пирояҳо нест». Вале агар боз ба ин масъала баргардем, ки амир Бухороро хеле дӯст медошт ва дурӣ аз онро таҳаммул намекард, чизе ки чун «шоху барг» аз ин ривоят боз ҳам бояд дур кард ҳамон тули 4 сол ва дархости дарбориёни дигар аз Рӯдакӣ барои ташвиқи амир мебошаду бас. Аммо ҳақиқати таъсири фавқулодаи шеър маҳз ба амир Наср (на ба каси дигар) сароҳати бештар пайдо мекунад. Қавли маъруфест, ки «мустамеъ соҳибсуханро бар сари завқ оварад». Агарчи устод Рӯдакӣ суханвари беназир буд ва худ Бухороро бисёр дӯст медошт, бидуни эҳсоси ин нукта, ки мухотаб ва мамдуҳи эшон яъне амир Наср нисбат ба Бухоро муҳаббати хос дорад, устод Рӯдакӣ ҳатто сурудани чунин ҷоннавоеро раво намедид ва ин шеър мусалламан ба ин ҳад неруманд намешуд. Чандон неруманд, ки пас аз ҳазор сол интишори он дар «Намунаи адабиёти тоҷик» бархеро ҳаросон кард ва иқдоми онҳо бар алайҳи устод Айнӣ танҳо ба хотири истифода аз фурсати мусоиди интиқом набуд, балки воқеан ин шеър онҳоро ба ҳарос афканд ва ҳануз ҳаросон медорад.

Тавре, ки дар авали матлаб гуфта шуд, ин ривоят ба хотири бознамудани шукуҳ ва неруи фавқулодаи дар маҷмуъ каломи бадеъ, бавижа сухани устод Рӯдакӣ ва бахусус ин шеъри беназир ва беназира ривоҷ ёфтааст. Зеро агар мо мусаллаҳ бо ҳама донишҳо ва абзорҳои адабиётшиносиву сухансанҷӣ, дар дақиқтарин дастгоҳ ин шеърро ҷузв-ҷузв, калима ба калима, ҳарф ба ҳарф таҳлилу баррасӣ кунем, боз эҳсос мекунем, ки чизе дар бораи он нагуфтаем. Рози неруи сухан чандон нуҳуфта ва амиқ аст, ки онро мо танҳо метавонем дар ҳосили таъсири он дар аҳволи мухотаб дарёбем. Аз ин ҷост, ки суханшиносоне чун Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳам аз чунин ривоёт суд ҷустаанд. Ин таъсир ва кайфияти он (яъне мусбат ё манфӣ, созанда ё баракс) дақиқтарин меъёри шинохти арзиши он аст.

Ваҳҳобзода Рустам,

шоир ва устоди ДМТ