Имрӯз дастаи мунтахаби Футзали Тоҷикистон дар бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳони футзал, дар гурӯҳи “Е” бо тими милии футзали Панама дидор анҷом медиҳад. Вохӯрии дастаҳои дар Маҷмааи варзишии Бухоро доир гардида, соати 17:30 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Ёдовар шудан ба марвид аст, ки тими миллии мо дар ду бозии аввали худ аз Марокаш – қаҳрамони феълии Ҷоми миллатҳои Африқо (бо ҳисоби 4:2) ва аз Португалия – қаҳрамони феълии ҷаҳон (бо ҳисоби 3:2) шикаст хӯрда буд.
Сармураббии тими футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов андешаҳои худро доир ба бозии дарпешистода чунин баён намуд “Акнун ба рақобати ҳалкунанда бо дастаи Панама омодагӣ мебинем. Рақиби сода нест. Бояд ҳарифро хуб таҳлил кунем – нуқтаҳои заиф ва қавиро муайян созем. Дар ин бозӣ мо танҳо барои ғалаба бозӣ хоҳем кард. Имкони аз гурӯҳ баромаданро дорем. Агар мо ба даври 1/8 ниҳоии чемпионати ҷаҳон роҳ ёбем, ин рӯйдоди наҷиб барои тамоми кишвар маҳсуб хоҳад ёфт”.
Гуфтан ба маврид аст, ки Тоҷикистон дар ҳоли пирӯз омадан бар Панама ва натиҷаҳои дилхоҳи гурӯҳҳои дигар ба марҳилаи 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбад.
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”