Имрӯз дар меҳмонхонаи “Руми”-и шаҳри Душанбе Конференсияи минтақаавии «Ояндаи сабз дар бахши таъмини гармӣ тавассути нассосҳои геотермалии гармидиҳии заминӣ: ҳамкориҳои илми ва саноатӣ миёни Точикистон, Ҷопон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ сар карда аз соли 2019 бо Донишгоҳи Акитаи Чопон ҳамкориро ба роҳ монда барои таҳқиқоти муштарак замина фароҳам оварданд.
Ҳамин буд, ки олимони Донишгоҳ ва Марказ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондан ва ҷоннок намудани ҳамкориҳо бо барномаи байналмилалии Ҷопон «Шарики тадқиқоти илмӣ ва технология барои рушди устувор» (SATREPS) лоиҳа пешниҳод намуда, ғолиби озмун гардиданд.
Ҳадафи ин пажӯҳиш саҳм гузоштан дар муътадилсозии минтақавӣ ва муқовимат ба гармшавии глобалӣ тавассути беҳбуди вазъи энергияи барқароршаванда ва эҷоди ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон бо назардошти захираҳои фаровони обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон, ки тафовути шадиди ҳароратро дороанд, мебошад.
Вазифаҳои лоиҳаи мазкур аз бахшҳои зерин иборат аст:
1) Таҳияи моделҳои ҷараёни обҳои зеризаминӣ ва интиқоли гармӣ дар асоси тадқиқоти саҳрой, маълумоти технологияи низоми географию иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва сохтани харитаҳон иқтидории истифодан гармии обҳои геотермалӣ ва зеризаминӣ;
2) Татбиқи озмоишҳои танзими ҳарорати биноҳо бо истифода аз зеҳни сунъй;
3) Тарҳрезии институтсионалӣ барои паҳн кардани «Модели Тоҷикистон»-и истифодаи энергияи зери замин.
Дар баробари ин, дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа то имрӯз 4 нафар барон таҳсил дар зинаи магистратура ва докторантураи PhD фиристода шуд.
Дар доираи лоиҳа ду лаборатория таъсис дода шуд ва ду анализаторҳои замонавӣ харидорӣ шудааст, ки рӯзҳои наздик ба пуррагй насб карда мешавад.
Муҷиддини САЙФИДДИН,
радиои “Тоҷикистон”