Имрӯз дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2024/25 бо дастаи “Моҳун Баган” аз Ҳиндустон рақобат мекунад.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Калкута баргузор гардида, соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
Муҳаммадҷон Раҳимов сарвони “Равшан” зимни нишасти хабарӣ, ки дирӯз доир гардид, гуфт “бозӣ бо дастаи “Моҳун-Боган” хеле ҷолиб мешавад, зеро дар ин кишвар соҳаи футбол дар ҳоли рушд қарор дорад. Боварӣ дорам, ки бачаҳо аз уҳдаи гуфтаҳои ситоди мураббиён ба хубӣ мебароянд ва ҳатман имтиёзҳои зарурро мо аз ин бозӣ ба даст меоварем”.