Дар доираи амалинамоии нақша-чорабиниҳои омодабошии ҷангӣ чанде қабл мутахассисони хурди низомӣ, аз ҷумла мерганчиён ва ронандагону нишонгирони мошинҳои махсуси ҳарбии навъҳои қӯшуни Артиши миллӣ пас аз ба анҷом расонидани машғулиятҳои назариявӣ дар пойгоҳи яке аз марказҳои таълимии Қӯшунҳои хушкигард, дар машқгоҳи саҳроии “Фахробод” ба тамринҳои амалӣ ҷалб карда шуданд.
Ба иттилои Вазорати мудофиа дар ҳамаи марҳилаҳои баргузории ҷамъомади навбатӣ, пеш аз ҳама зимни гузаронидани машқҳои тирпарронӣ аз милтиқии мергании Драгунов ё худ снайпер ба иштирокчиёни он, сараввал аз ҷониби роҳбарони машғулиятҳо талаботи бехатарӣ ва риояи ҳатмии он фаҳмонида шудааст.
Сипас, мерганчиён дар мавзеъҳои таъийиншуда бо истифода аз силоҳи вобастагардида ба худ ба сӯйи ҳадафҳо ва дар масофаҳои гуногун тирпарронии ҷангӣ доир намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки сарбозони иштирокчии машқҳои таълимии навбатӣ бори дигар собит намуданд, ки онҳо ҳамчун тирандозони касбии ҳарбӣ нозукиву махсусиятҳои силоҳи ҷангии худро хуб медонанд, омодагии махсус доранд ва дар иҷрои вазифаҳои оташфишонӣ дар масофаҳо ва шароите, ки маҳорати махсус ва дараҷаи баланди тирандозӣ доштанро талаб мекунад, сарбаландона баромада метавонанд.
Дар ҷамъомади экипажи мошинҳои махсуси ҷангӣ низ ҳайати таъйингардида ё худ мутахассисони хурди низомӣ бо маҳорати баланди касбӣ иштирок намуда, вазифаҳои худро дар самти рондану идора намудан ва тиркушоӣ аз силоҳҳои ин навъ мошинҳои ҳарбӣ сарбаландона иҷро карданд.