Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи роҳсозон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Дирӯз дар Боғи роҳиоҳанчиёни пойтахт  ба муносибати Рӯзи роҳсозон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардидааст.

Тавре сомонаи расмии Вазорати нақлиёт хабар медиҳад, ҳозиринро ба ин муносибат Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим шодбош гуфт.

Ба иттилои манбаъ, сипас аз номи собиқадорон собиқ Вазири нақлиёт Фаррух Муҳиддинов ва аз номи соҳибкорон, ки аз ҳисоби худ роҳу пулҳо сохтаанд, соҳибкор аз шаҳри Конибодом Кимёхон Азизова сухан карданд.

Дар охир барои саҳми арзанда гузоштан дар сохтмону таҷдиди роҳҳо ба яқ қатор фаъолони соҳаи роҳу нақлиёт ва роҳбарону соҳибкорони вилоят ва  шаҳру ноҳияҳо медали «Барои саҳмгузорӣ», нишони сарисинании «Роҳсози фахрӣ» ва Сипосномаю Ифтихорномаи Вазорати нақлиёт супорида шудааст.