17 сентябри соли 2024 дар шакли маҷозӣ машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия оид ба таъмини иттилоотии фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва кор бо ВАО дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои марбутаи мақоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардидааст.
Ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба дар ин самт, бо таваҷҷуҳ ба таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар соҳаи сиёсати иттилоотӣ табодули афкори пурмуҳтаво доир карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо барои фароҳам овардани заминаи мусоид дар фазои иттилоотӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар қолабҳои бисёрҷониба ба мувофиқа расиданд.
Ҳамзамон муҳимияти кори муштарак оид ба муқовимат ба паҳншавии маълумоти бардурӯғ дар фазои иттилотӣ дар бораи Тоҷикистон, Русия, робитаҳои ду кишвар, инчунин дар мавзуи муносибатҳо миёни миллатҳо қайд карда шуд.