Дар бозии нахустини худ дастаи “Истиқлол” бар “Ал-Шарҷа”-и АМА бохт

Мутаассифона, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Лигаи чемпионҳои дуюми Осиёро бо бохт оғоз кард.

Шоми гузашта бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё, дар чаҳоргонаи “С” миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Шарҷа”-и АМА доир гардид. Вохӯрии мазкур дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби 0 бар 1 ба нафъи меҳмонон ба охир расид.

Ягона голи бозиро ҳамлагари тунисии “Ал-Шарҷа” Фирас Бен Ларбӣ дар дақиқаи 72-юм ба нишон расонид. Қайд кардан ба маврид аст, ки ӯ пас аз 3 дақиқаи ба майдон баромадан муаллифи гол гардид.

Ба ҳамин тартиб “Истиқлол” дар даври 2-юм, санаи 1-уми октябр дар сафар бо “Сипоҳон”-и Эрон дидор анҷом медиҳад. “Ал-Шарҷа” бошад дар хонаи худ “Ал-Ваҳдат”-и Урдунро қабул мекунад.

Рустами Зоир,
радиои “Тоҷикистон”