ИЛМ ВА ИДЕОЛГИЯ МИЛЛӢ

Бояд қайд намуд,  ки дар тамоми форматсияҳои рушди ҷомеаи инсонӣ, инсониятро дар тамоми асру замон илм, дастовардҳои оламшумили олимон, кашфиётҳои беназири нобиғаҳои илм ва донишмандони мардумӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти одамон, ҳамчун қутбнамои рушд роҳнамоӣ намудаанд. Яъне бидуни кашфиётҳои арзишманди илмӣ пешрафти ҷомеаи инсониро тассавур кардан амри маҳол аст. Бале, кашфиётҳои илмӣ таконбахши рушди босуботи ҳаёти инсонист.

Аммо бояд иқрор шуд, ки рушди бемайлони илмро пеш аз ҳама идеологияи дурусти миллии ин ё он мамлакати дунё метавонад тақвият бахшад.

Дар ин ҷо месазад, кайд намуд, ки дар муддати 33 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тафакури одилона ва дурандешонаи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба пешрафти тамоми соҳаҳо ва равандҳои гуногуни илми ватанӣ мусоидат намуд, ки ин тафаккури ҳазорҳо ва миллионҳо шаҳрвандони кишварамонро бо идиологияи миллии ватандӯстӣ, ватанпарварӣ ва чун гаҳвараки чашм ҳифз намудани меҳру муҳаббати беканорро ба  кишвару диёри бобогиамон, дар гуфтор, рафтор ва пиндори шаҳвандони Тоҷикистони биҳиштосомон бешӯбҳа  равшан, қавӣ ва ҳувайдо сохт. Аз ин ҷост, ки идиологияи миллии кишварамон дар солҳои истиқлолияти далатӣ тақвияти калонро соҳиб гардид, ки ин боиси баланд гардидани натиҷаҳои таҳқиқотҳои арзишманди олимони кишвар дар тарихи навини давлатдории тоҷикон ба шумор меравад.

Ҳамин тавр, тавассути тақвият ёфтани идеологияи миллӣ, олимони соҳаҳои гуногуни илми тоҷик низ ба натиҷаҳои назарраси илмию амалӣ ноил гардиданд.

Дар ин ҷо мехоҳем, чанде аз дастоварҳои илмии олимони Институти ботаника физиология ва генетикаи растании Академия миллии илмҳои Тоҷикистон ёдовар шавем, ки онҳо пеш аз ҳама аз сиёсати илмпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ёдовар шавем.

Олимони институт тавссути истифодаи усулҳои муосири генетика, селексия ва биотехнология дар муддати солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд, ки ба даст овардани навъҳои ояндадори як қатор зироатҳои ғизоӣ, аз қабили гандум, картошка, ҷуворимакка, офтобпараст, сабзавотиҳо, лубиёгиҳо, топинамбур, ҷуворӣ, сикорӣ ва ғайраҳо, бештар аз 400 намунаҳо ва навъҳои дорои аломатҳои генетикии арзишмандро дар бонки тухмиҳои генетикии растаниҳои институт, аз гушаву канори кишарамон ва берун аз он ҷамъоварӣ ва ҳифз намоянд. Ин намунаҳои арзишманди илмӣ, ки дорои чунин нишонаҳои зарурӣ, ба монанди устуворӣ ба касалиҳо ва ба хушкӣ, ба омилҳои гуногуни биотикӣ ва абиотикӣ, инчунин серҳосил буда, метавонанад дар оянда дар ба даст овардани наъу намунаҳои нодири зироатҳо истифода гарданд. Дар солҳои охир дар натиҷаи омезиши усулҳои генетикӣ, селексионӣ ва биотехнологӣ ба олимони институт навъи нави картошкаеро бо номи  «Тоҷикистон» ба даст оварда, пешкаши деҳқонони кӯҳистони водиҳои Рашт, Зарафшон ва Истаравшан гардонидаанд, ки аз кишти он 35-50 тонна/га  ҳосил  ба даст оварда мешавад, Ин навъи нави картошка ҳоло дар майдони бештар аз панҷ ҳазор гектар кишту кор мегардад ва кишоварзон аз истифодаи он фоидаи калони иқтисодӣ ба даст меоранд. Инчунин, дар таркиби лӯндаҳои ин навъи нави картошка элементи оҳани озод нисбат ба дигар навъҳо ду-се маротиба зиёд аст, ки истеъмоли он метавонад касалии камхуниро дар буняи инсон пешгирӣ намояд.  

Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони институт дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон навъи нави сеҳосили пахтаи «20 солагии Истиқлолият»-ро ба даст оварданд, ки гулаш дар саҳро кушода нашуда, барои тоза нигоҳ доштани ҷинси пахта аҳамияти калони илмию амалӣ дорад. Ин навъ ҳоло дар ҷумҳурӣ дар мадони бештар аз 10 ҳазор га кишту кор мегардад.

Дар озмоишгоҳи генетика ва селексияи институт ҳоло бештар аз 150 генотипҳои гандум, 60 намунаҳои нодири картошка, 30 намунаҳои лубиёгиҳо, 25 намунаҳои серҳосили зироати топинамбур, 15 намунаҳо ва дурагаҳои серҳосили ҷуворимакка, 10 намунаҳои тезпаз ва серҳосили офтобпараст, 14 намунаҳои  серҳосили ҷуворӣ, 4 намунаҳои сикорӣ ва дигар растаниҳоро меомӯзанд, ки онҳо бо тезпазӣ ва серҳосилиашон фақкунанда мебошанд. Махсусан, корҳои илмии олимони институт дар омӯзиши таъсири омили физикии радиатсия (кобалт ва сезий) ба нишонаҳои ирсии навъҳои гандум, хело диққатҷалбкунанда буда, дар оянда барои ба даст овардани намунаҳои нави гандум аҳамияти калони илмию амалӣ доранд.

Ҳамин тавр, олимони институти мо зери парчами Пешвои муаззами миллат, дар фазо ва раванди идеологияи миллии ояндасози Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолиятҳои илмии хешро тақвият бахшида, дар боз ҳам ободу хуррам гаштани Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Бобозода Б.Б., директори Институти ботаника,

физиология ва генетикаи растании Академияи миллии

илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои биологӣ

Партоев Қ., мудири озмоишгоҳи генетика ва

селексияи институт, доктори илмҳои кишоварзӣ