Баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар Рӯдакӣ

Дар рӯзи дуюми даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ки дар Гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуда истодааст, 547 нафар хонанда иштирок менамоянд.

Иштирокчиён аз ҳашт шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тибқи 7- номинатсия донишу маҳорати худро месанҷанд. Тибқи иттилои масъулин шаффофияти озмун дар сатҳи зарурӣ таъмин мебошад.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” иштирокчиён бо дониши баланд ва навовариҳои худ бори дигар собит сохтанд, ки онҳо аз илму дониши муосир баҳравар ҳастанд. Натиҷаи қобилияти баланди зеҳнӣ ва донишу ҷаҳонбинии иштирокчиён дар намунаҳои ихтироъ ва навовариашон баръало эҳсос мегардид.

Ногуфта намонад, ки озмуни мазкур аз 16-уми сентябр оғоз ёфта, то рӯзи 20-уми сентябр идома меёбад.