Баргузории Нишасти вазирони созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Руми”-и шаҳри Душанбе ҷаласаи 9-уми вазирон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар кишвархои узви Созмони Ҳамкориҳои Иктисодӣ баргузор тардид. Ҷаласа аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ роҳандозӣ шуд.

Дар кори он роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдори соҳаи идораи хатари офатҳои табиӣ аз Озарбойҷон, Қазокистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, намояндагони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвари мо ширкат намуданд.

Дар ҷаласа ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ таваҷҷухи хоса зоҳир гардид.

Аз ҷумла, иштирокчиён масъалаҳои марбут ба татбиқи Барномаи чаҳорчӯбаи Сендай дар қаламрави кишварҳои узви ЭКО, Харитаи pox ва пешниҳодҳо/лоиҳаҳои Барномаи чаҳорчӯбаи минтақавии ЭКО оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ (ECORFDRR) барои солҳои 2021-2025, роҳҳои ҳалли амалии зиёд кардани маблағгузорӣ барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ, «Ҳеҷ касро пушти сар нагзорем»: идораи хатарҳои фочеа бо ҳассосияти чиней мавриди баррасӣ карор гирифт.

Дар ин нишаст мушкилоти муштараки кишварҳое, ки роҳи баромад ба баҳру уқёнусхо надоранд, бо ёрии ҷаласаҳои фаннӣ дар мавриди таҳдидоти аслие, ки кишвари мизбон – Тоҷикистон бо он рў ба рў аст, баррасӣ шуда, барои рафъи ин мушкилот табодули назар сурат гирифт.

Дар конфронс қайд карда шуд, ки иштироки доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор ба рушди муколамаи созанда, табодули иттилоот ва таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат намуда, чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табий барои солҳои 2015-2030 як чаҳорчӯбаи ҷаҳонии хатари офатҳои табиӣ маҳсуб мешавад.

Муҷиддини САЙФИДДИН,

радиои “Тоҷикистон”