Омодагӣ ба ҷашни 100-солагии мунаққид ва адабиёти халқии тоҷик Соҳиб Табаров дар Муъминобод

Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба ҷашни 100-солагии мунаққид ва адабиёти халқии тоҷик Соҳиб Шуҳратевич Табаров омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд, ки моҳи октябри соли ҷори бо иштироки раиси Вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сокинони ҷамоатҳо ва меҳмонони дуру наздик таҷлил карда мешавад.

Соҳиб Шуҳратевич Табаров саҳми худро дар адабиёти халқии тоҷик гузошта, дар саҳни ҳавлии худ ганҷинаи нақди адабии худро мерос гузоштааст, ки сокинони ноҳия, меҳмонони дигар ноҳияҳо баи ганҷина ташриф оварда, аз навиштаҷоти ӯ баҳраванд мегарданд.

Тавре корманди ганҷинаи нақди адабӣ Меҳроб Табаров иттилоъ дод, устод Соҳиб Табаров зиёда аз 850 асару мақола ва китоби илмӣ рӯйи чоп бароварда, дастраси хонандагон гардонидааст.

Имрӯз аҳолии ноҳия ва меҳмонон аз китобҳои навиштаи ӯ истифода мебаранд. Айни ҳол дар бинои Ганҷинаи устод Соҳиб Табаров корҳои таъмирию азнавсозӣ ба роҳ монда шуда, тасмим гирифтанд, то арафаи ҷашн корҳои азнавсозии биноро ба итмом расонанд.

Сулаймон Холов,
радиои “Тоҷикистон”