ВОДИИ РАШТ МИНТАҚАИ ОВОЗАДОРИ КАРТОШКАПАРВАРӢ

Картошка (Solanum tuberosum L.) яке аз панҷ зироати муҳимтарини ғизоӣ барои одамон ба ҳисоб рафта, зиёда дар 150 кишвари ҷаҳон, дар тамоми қитъаҳо, дар ҳудуди зиёда аз 20 миллион гектар парвариш карда мешавад. Картошкаро миллиардҳо одамони сайёра истеъмол мекунанд ва дар аксари кишварҳо ҳамчун “нони дуюм” маъмул аст. Солҳои охир дар ҷаҳон истеҳсоли устувори картошка ва ҳатто тамоюли афзоиши он аз ҳисоби ба вуҷуд овардани навъҳои нави серҳосил, такмили системаи биотехнологии тухмипарварӣ ва технологияҳои парвариши он мушоҳида мешавад.

Аҳамияти ғизоӣ, биологӣ ва истеҳсолиии ин зироатро ба назар гирифта, соли 1972 дар Перу Маркази Байналмиллалӣ оид ба омузиши зироати картошка ташкил дода шудааст, ки дар он ахборотҳо аз тамоми дунё оид ба омўзиши ин зироат ҳар сол ҷамъ мегарданд.

Растании картошка аз ҷиҳати гуногунии генетикӣ низ хеле ғанӣ мебошад. Айни замон дар ҷаҳон зиёда аз 5000 дурагаҳо, навъҳои ҷадид, навъҳои маҳаллӣ ва қадимаи картошка мавҷуданд, ки бисьёрии онҳоро танҳо мардуми таҳҷоӣ дар кӯҳистони Анд –  маркази пайдоиш ва гуногунии генетикии картошка – истеҳсол ва истеъмол менамоянд. Қобили қайд аст, ки тақрибан 180 намудҳои ёбоии картошкаи маданӣ мавҷуданд, ки дорои хусусиятҳои муфид,  аз ҷумла қобилияти мутобиқгардӣ ба шароити гуногуни муҳит ва парвариш, устуворӣ ба ҳашароти зараррасону касалиҳо ва арзиши ғизоии баланд, мебошанд. Инчунин андоза, ранг ва шакли лӯндаҳои картошка низ ниҳоят гуногунанд. Бисёре аз намудҳои ёбоии картошка барои истеъмоли инсон мувофиқ нестанд, вале онҳо ҳамчун маводи пурарзиш ва беҳтарин барои селексия ва ба вуҷуд овардани навъҳои нави серҳосил, ки дорои хосиятҳои нодиранд, ба ҳисоб мераванд.Он инчунин воситаҳои зиндагӣ ва шуғли аҳолии деҳот ва шаҳрро дар саросари сайёра таъмин мекунад. Алалхусус ҳаёти деҳқонон аз парвариши устувори картошка вобаста аст, то онҳо тавонанд даромад ба даст оранд, муҳити зистро ҳифз ва баробарии иҷтимоӣ эҷод намоянд.

Бо ташаббусу дастгирии Президенти кишвар, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон ин соҳаи зарурии кишвар ба дастовардҳои калон ноил гардид. Махсусан, рушду нуму соҳа ва зиёд гардидани майдони кишти картошка дар минтақаҳои кўҳистони кишварамон хело авҷ гирифт. Ҳоло дар Тоҷикистон зироати картошка дар саросари кишвар дар майдони бештар аз 50 ҳазор гектар кишт гардида, истеҳсоли умумии он ба бештар аз як миллион тонна расонида шудааст. Вале, бо назардошти сол аз сол афзоиш ёфтани аҳолӣ, зарур аст, ки истеҳсоли «нони дуюм» дар кишвар боз зиёд гардонида шавад.

Яке аз минтақаҳои асосии истеҳсоли картошкаи хуштаъм ноҳияҳои водии зархези Рашт ба шумор мераванд, ки деҳқонону картошкапарварони он ҳар сол ҳосили баланди картошкаро ба даст оварда, дастархони мардуми кишварро бо ин маҳсулоти ғизоӣ таъмин менамоянд. Дар ҳудуди ноҳияҳои ин водӣ картошка дар майдони бештар аз 10 ҳазор га кишт гардида, истеҳсоли умимии он зиёдтар ба аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Месазад қайд намуд, ки картошкаи истеҳсоли ин водӣ бо лаззату хуштаъмиаш ҳамто надорад.

Дар ин водии картошкапарварии мамлакат дар оянда имконияти бо ду роҳ афзун намудани истеҳсоли картошка вуҷуд дорад. Якум бо роҳи васеъ намудани майдони кишти ин зироат, ки ин роҳи экстенсивӣ буда, аз сабаби маҳдуд будани захираи заминҳои обии минтақа мушкилиро ба пеш меорад. Роҳи дуюми афзоиш додани истеҳсоли картошка – ин баланд бардоштани ҳосилнокии зироат аз ҳар гектари кишт, ки ин роҳи интенсивии истифодабарии заминро тақозо менамояд. Роҳи дуюм бештар аз чунин омилҳо ё ин ки ресурсҳо вобаста мебошад: мавҷудияти тухмии аълосифат, техникаи кишоварзӣ, нуриҳо, заҳрихимикатҳо ва ғайраҳо.

Барои минбаъд баланд бардоштани ҳосилнокии картошка навъҳои серҳосил, тухмии хуб ва тухмипарварии ватанӣ аз омилҳои ҳалкунандаи рушди ояндаи соҳаи картошкапарварӣ ба шумор мераванд.

Бале, дар шароити кўҳистони мамлакат имконияти солҳои дароз тухмӣ ҳосили баланд ва сифати хуби тухмиро нигоҳ доштан вуҷуд дорад. Ин пеш аз ҳама аз боду ҳавои салқини  хоҷагиҳое, ки дар баландиҳои 1800 то 2500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир гаштаанд, бештар имконпазир мебошад. Чунки картошка таърихан зироати дар кўҳистон пайдо гаштааст ва дар шароити баландкўҳҳои Тоҷикистон метавонад нишонаҳои авлодиашро дар муддати тўлонӣ нигоҳ дорад.

Дар солҳои Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои икшоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур бештар аз 12 навъҳои нави картошкаро, тавасути истифодаи усулҳои генетика, селексия ва биотехнологияи муоссир ихтироъ намудаанд, ки онҳо ҳоло дар майдони бештар аз 15 ҳазор га кишт мегарданд. Алалхусус, навъи нави картошкаи «Тоҷикистон», ки олимони тоҷик дар шароити водии Рашт ба даст овардаанд, хело серҳосил буда, дар таркиби лўндаҳояш ду-се маротиба оҳани биологӣ мавҷуд аст, ки барои пешгирӣ намудани касалии камхунӣ хело муҳим арзёбӣ мегардад.     Ба ҳамин тариқ, ҳоло бо ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат таҷрибаи нодири ба роҳ мондани тухмипарварии картошка сол аз сол тақвият ёфта истодааст ва асосан тухмии маҳалии ин зироат дар истеҳсоли он истифода мегардад.    

Бояд қайд намуда, ки дар солҳои наздик дар кишвар ҳама сола мебояд зиёда аз 1,5 миллион тонна картошка истеҳсол гардад. Дар иҷроиши ин вазифаи муҳим ҳамкории олимони соҳа, деҳқонони асил ва ҳамкорони рушд аз омилҳои асосӣ ба шумор мераванд.

Қурбоналӣ Партоев, мудири озмоишгоҳи генетика

 ва селексияи растаниҳои Институти ботаника,

физиология ва генетикаи растании Академияи

миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ