Дар раванди амалишавии барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ва омӯзиши лоиҳаи қонунҳо дар самти сиёсати гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои оила, бахусус занону кӯдакон, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, зӯроварии хонаводагӣ ва дигар масъалаҳои мубрам семинару тренингҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар ва сӯҳбатҳои инфиродӣ бо усули «хона ба хона» аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Дар нишасти хабарии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумита Бунавша Файзиддинзода сабабҳои ҷудо шудани оилаҳоро дар никоҳи бармаҳал медонад ва мегӯяд, ки дар баъзе оилаҳо зарурат пеш меояд, то ҷавононро барвақт оиладор намоянд: «Дар таҷрибаи кории мо ҳамин гуна ҳолатҳое ҳаст, ки дидаву дониста махсусан, духтаронро, ки нав мактаби миёнаро хатм мекунанд, ҳоло ба ҳаёти оиладорӣ омода нестанд, ба шавҳар медиҳанд. Падару модарон ба онҳо кори хона ва иззату эҳтиромро ёд намедиҳанд. Ба ҳамин хотир ҷавондухтарон хубро аз бад фарқ намекунанд. Фарзандони худро тарбия карда наметавонанд. Хонаро ӯҳда карда наметавонанд. Ҳурмату эҳтироми хусуру хушдоманро намедонанд. Дар натиҷа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омада, оилаҳо рӯ ба ҷудошавӣ меоранд»-гуфт ӯ дар нишасти хабарӣ.
Дар 6 моҳи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 30 434 оила бунёд гардид, ки аз ин теъдод 4 408 оила рӯ ба ҷудошавӣ ниҳод. Дар натиҷаи бекор шудани аҳди никоҳ 4034 кӯдакони ноболиғ аз меҳри падарӣ ё модарӣ маҳрум шуданд, ки ин албатта боиси нигаронӣ аст. Ҳарчанд дар нимсолаи аввали соли 2024 назар ба шашмоҳаи соли 2023 теъдоди ҷудо шудани оилаҳо кам шуда бошанд ҳам, лекин ҳоло ҳам ташвишовар аст. Чунки дар натиҷаи ҷудошавии оилаҳо фарзандон аз меҳри падариву модарӣ маҳрум шуда аз таълиму тарбия дур мемонанд.
Муҳити орому осудаи ҳар як хона аз зан – модар вобаста аст. Мард набояд занро зери хушунат ва зӯроварӣ, дар муҳити тарсу ҳарос қарор бидиҳад. Баръакс ӯ бояд ҳамеша ҳимоятгари зану фарзанд бошад. «Мутаассифона, баъзе аз занҳо дар муҳити оила зери хушунату маломат қарор мегиранд, вале ба хотири нигоҳ доштани шаъну шарафи оилаи худ ба ягон мақомоти дахлдор муроҷиат намекунанд»– гуфт Бунавша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Номбурда иброз намуд, ки имрӯзҳо бисёре аз занҳо ба хотири пош нахӯрдани оилаҳои худ дар ҳолати зӯроварӣ қарор доранд. Худи ҳамон оила ё мақомоти хӯрде, ки онҳо муроҷиат мекунанд, мегӯянд, ки ба хотири обрӯйи оилаҳо сабр кунанд. Аммо баъзе аз мардон бошанд, агар аз ҷониби хешу табори зан нисбат ба онҳо зӯроварӣ мешавад, онҳо дарҳол ба мақомоти дахлдор муроҷиат мекунанд.
Як мушкили дигаре, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, худкушӣ ё сӯиқасд ба ҷони худ мебошад. Мувофиқи омор дар нимсолаи аввали соли 2024 худкушӣ ва ё сӯиқасд ба ҷони худ 222 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла худкушӣ 175 нафар, сӯиқасд ба ҷон бошад 47 нафар мебошад. Аз ин шумора 110 нафарро занону ноболиғдухтарон ва 112 нафарро мардону ҷавонписарон ташкил медиҳанд. «Бештари худкушӣ ва ё суйиқасд ба ҷони худ дар натиҷаи муноқишаҳои оилавӣ ба амал меояд. Ҳарчанд шумораи худкушӣ ва ё сӯиқасд ба ҷони худ нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2023 кам бошад ҳам, вале боиси нигаронӣ аст»- мегӯяд раиси Кумитаи занон. Инчунин, сабабҳои дигарӣ худкушӣ ва ё сӯиқасд ба ҷони худро чунин шарҳ дод:
«Масъалаҳои худкушӣ дар ҳақиқат нигаронкунанда мебошад. Бештари харакатҳои худкушӣ ва ё сӯиқасд ба ҷони худ аз бемории рӯҳӣ вобастагӣ дорад. Баъзан сабабҳои номаълум. Инчунин, муноқишаҳои оилавӣ, дахолати аъзои хонаводаи шавҳар нисбат ба келини хона буда, онҳо ба ҷойи дастгирӣ ё насиҳат кардан келинҳои хонаро ба ҳамон дараҷае оварда мерасонанд, ки даст ба худкушӣ зананд ё сӯиқасд ба ҷони худ намоянд. Сипас, занҳо роҳи халосӣ аз пастиҳои зиндагиро дар ҳамин амали номатлуб мебинанд. Баъзе сабабҳои дигар он аст, ки онҳо қарздорӣ доранд. Ҳамин ҳолатҳо ҳам сабабҳои сар задани ҳодисаҳои худкушӣ мегарданд».
Зан-модар тарбиятгар аст. Ва иффати зан низ дар одобу ахлоқ ва тарбияи неки ӯ мебошад. Ҷудошавии оилаҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2023 5370 нафарро ташкил медод, вале дар шашмоҳаи соли 2024 ин шумора 4 408 нафар мебошад. Ҳарчанд шумораи бекор шудани ақди никоҳ кам шуда бошад ҳам, лекин ҳоло ҳам нигаронкунанда аст. Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо теъдоди заноне, ки дар кӯчаҳо бо ҳам муноқиша ва задухӯрд карда, бо суханони қабеҳ якдигарро дашном медиҳанд, афзуда истодааст, ки ин албатта ба одобу маърифати занони тоҷик рост намеояд. Яке аз сабабҳои ҷудо шудани оилаҳои ҷавон ва бе назорат мондани занҳо дар нимароҳи зиндагӣ онҳоро маҷбур мекунад, ки ба чунин амалҳои бадахлоқона роҳ ёбанд. Рафтору кирдори чунин занонҳо боиси ҳуқуқвайронкунӣ ва содир кардани ҷиноятҳо мегардад. Мувофиқи омор дар шашмоҳаи аввали соли 2024 784 нафар занону духтарон ҷиноят содир кардаанд – гуфта шуд дар нишасти хабарӣ:
«Ҳолатҳои авбошӣ ва занозании занону духтарон имсол зиёдтар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҷониби зан-модар чунин рафтору кирдор ва гуфторҳои қабеҳ боиси таассуф аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки на ҳама занонҳо баъди ҷудо шудани оилаҳо маърифати хуби шаҳрдорӣ доранд. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумита маҳалла ба маҳалла баргузории вохӯриҳоро ба роҳ мондем. Ҳамин гуна муносибатҳои бетартибонаи занону модарон аст, ки имрӯз фарзандон тарбияи хуб намегиранд. Дар натиҷа фарзандон ба авбошӣ, дуздӣ ва дигар ҷиноятҳо даст мезананд, ки шумораи онҳо нисбат ба соли гузашта хеле зиёд аст»- иброз намуд Бунавша Файзиддинзода.
«Агар занону модарон дар кӯчаҳо ҷангу ҷанҷол кунанд, дар ягон ҷо кор накунанд, тарбияи фарзандони оянда чӣ мешавад? Аз худи ҳамон сохторҳои ҷамъиятӣ вобаста аст, ки дар худи маҳалҳо, шӯроҳои маҳалҳо, иттиҳодияҳои динӣ, масҷидҳо, ки мардум дар он ҷойҳо ҷамъ мешаванд, бояд ҳамеша таъкид кунанд. Занонро ба таълиму тарбияи дуруст даъват кунанд»- таъкит кард Раиси Кумита.
Омилҳои дигари ҷудо шудани оилаҳо никоҳи хешутабории наздик мебошад, ки дар натиҷаи он фарзандони носолим ба дунё меоянд. Ва мушкилиҳои оилавӣ меафзояд. Дар ин маврид раиси Кумитаи занон изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки: «Аз ҳисоби нуқсонҳои дарёфтгардида вобаста ба никоҳи хешутабории наздик 101 нафар кӯдакон ба қайд гирифта шудаанд. Аз 612 нафар кӯдакони иллатҳои модарзодӣ доштанд, дар батни модарон пешгирӣ карда шуданд. Аз ҳамин 612 нафар 101 нафарашон аз никоҳи хешутаборӣ буданд. Ин ҳолатҳо ҳоло ҳам дар ҷумҳурӣ вуҷуд доранд. Зарурат ба миён омадааст, ки тамоми ҷомеа сари ин мушкилӣ бояд фикр кунанд, чунки мушкилии аз ҳама ҷиддӣ ҳаст». Номбурда қайд намуд, ки шумораи кӯдакони маъюбе, ки бо никоҳи хешутабории наздик тавлид мешаванд, зиёд шуда истодаанд.
Дар мавриди ҷудошавии оилаҳо ва бо манзили зист таъмин шудани занону духтарон, яъне маскун шудани онҳо Обидҷон Шарипов, сардори шӯъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуд. Зимни сӯҳбат қайд намуд, ки «Зан баъди ҷудо шудан аз шавҳараш мувофиқи қарори суд ҳақ дорад, ки ба манзили собиқ шавҳараш маскун карда шавад. Масъалаи маскун масъалаи бисёр мубрами рӯз аст. Вақте зан маскун карда мешавад, тасаввур кунед, ки вай чӣ гуна ҳолатҳоро аз сар мегузаронад»?! Суоле ба миён омад, ки оё баъд аз маскун шудан нофаҳмиҳо байни хонаводае, ки зан маскун шудааст, мешавад? Ҳамсӯҳбати мо чунин посух дод: «Албатта ҳолатҳое ҳастанд, ки нисбати ҳамон зане, ки маскун шудааст, дар муҳити хона зӯроварӣ ё нофаҳмиҳо дида мешавад. Инчунин, ҳолатҳои дигаре ба назар мерасанд. Зане, ки маскун шудааст, нисбат ба соҳибхонаҳо, яъне падару модари собиқ шавҳараш ҳам беадолатӣ нишон медиҳад. Ҳар гуна ҳаракатҳоро раво мебинад, ки ин албата аз паст будани маърифати чунин занон дарак медиҳад.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки барои пешгирии оилаҳо ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ тамоми чораҳои заруриро андешида, роҳандозӣ хоҳанд кард. Дар идомаи андешаҳо изҳор намуд, ки: «Баҳри тақвияти ҳамкориҳо бо дигар давлатҳо барои омӯзиши занҳои тоҷик курсҳои омӯзишӣ ба роҳ монда мешаванд. Хулас, дар тамоми самтҳо занони тоҷик имрӯзҳо дастгирӣ ёфта истодаанд».
Зан тарбиятгар ва номуси ҳар як хонадон аст. Бояд ки ақли солим ва иффату номуси худро волотар аз ҳама арзишҳо гузоранд. Пешрафту шукуфоии ҷомеаи мутамаддин ҳам аз оилаи солим ва насли солим вобаст аст!!!
Зарина Мухторзода,
радиои “Тоҷикистон”