Тағйир ёфтани иқлими кураи Замин диққати тамоми сокинони сайёраро ба худ ҷалб намудааст. Ин раванди номатлуб боиси баланд гаштани ҳарорати ҳаво, аз миқдор зиёд об гаштани пиряхҳо, шиддат гирифтани борону тундбодҳо, афзоиш ёфтани касалиҳо ва ҳашароти зараррасон дар бахши кишоварзӣ ва аз байн рафтани гуногнии биологиро пеш овардааст. Инчунин, баланд гаштани ҳарорати ҳаво ба саломатии одамон таъсири манфии худро расонида, тақозо менамояд, ки сокинони ин ё он мантиқаи сайёра аз макони зисташон ба дигар ҷойҳои бехавф кӯч банданд.
Мутаассифона, раванди баланд гардидани хароарти ҳаво дар ҳудуди Тоҷикистон низ мушоҳида гардида, сол аз сол боло рафтани он ва зиёд гардидани ҳолатҳои фавқулода ба чашм мерасанд. Бинобар ин, мо мутахассисон, олимон ва тамоми сокинони мамлакатро зарур аст, ки доир ба пешгирӣ намудани таъсири манфии баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар саросари мамлакат чораҳои заруриро андешем.
Бояд қайд намуд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки 93 фисади масофаи онро экосистемаҳои кӯҳӣ ташкил намуда, бештар аз 60 фисади захираҳои обии минтақа аз ҳудуди он сарчашма мегиранд. Бинобар ин, ҳифзи захираҳои обии Тоҷикистон масъалаи минтақавӣ ба шумор рафта, дар самаранок истифода бурдану роҳҳои ҳифзи онҳо дар оянда аз ҳамаи кишварҳои минтақа вобастагии калон дорад.
Баҳри дар оянда паст гардонидани раванди таъсири манфии тағйирёбии ҳарорати ҳаво, афзун гардонидани маводҳои ғизоӣ ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани сатҳи саломатии аҳолии кишвар зарур аст, ки барномаҳои дарозмуддати истифодаи самараноки захираҳои минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, бо назардошти тағйирёбии иқлим бояд аз нав таҳия гардида, роҳандозӣ гардонида шаванд.
Ба олимони кишвар зарур аст, ки дурнамои корҳои генетикиву селексиониро тақвият бахшида, дар ба даст овардани намунаю навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ кӯушиш ба харҷ дода, бо назардоштаи пайёмадҳои номатлуби тағйирёбии иқлим барномаҳои илмиро мукаммал ва ҷоннок созанд. Махсусан, ба генетикҳо ва селексионерҳои кишвар зарур аст, пеш аз ҳама усулҳои инноватсионии ба даст овардани навъҳои серҳосилу, тезпаз ва ба ҳарорати баланду касалиҳо тобовари зироатҳои кишоварзиро дар асоси интихоби генетикӣ (скрининги генетикӣ), усулҳои биотехнологияи муосир ва мутобиқ гардонидани намунаҳои нави зироатҳои кишоварзиро дар минтақаҳои гуногунии экологии кӯҳии кишварамон бояд пеша намоянд.
Бояд қайд намуд, ки намунаҳои гуногунии зироатҳои кишоварзии маҳаллии дар минтақаҳои дури кӯҳистони кишварамон маҳфӯз буда, ки онҳо дар муддати солҳои тӯлонӣ ба шароити боду ҳавои минтақаҳои кӯҳистон мутобиқат пайдо намудаанд, метавонанд дар ба даст овардани намунаҳо ва навъҳои ояндадори ба тағйирёбии иқлим устувор, истифода гарданд. Бинобар ин, ташкил намудани экпедитсияҳои илмӣ ба манотиқи кӯҳистон ва ҷамъоварӣ намудани тухмиҳои чунин намунаҳои нодири зироатҳои кишоварзӣ ва растаниҳои табобатӣ ниҳоят кори муҳим ва зарурӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин раванд, олимони набототшинос ва селексионерони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академия миллии илмҳои Тоҷикистон чанде пеш ба водии Яғноби ноҳия Айнӣ экспедитсияи илмиро доир ба омӯзиш ва ҷамъоварӣ намудани тухмиҳои намунаҳои қадимаи зироатҳои кишоварзӣ ва набототу гиёҳҳои табобатӣ анҷом доданд.
Месазад, ёдовар гашт, ки солҳои 70-уми асри гузашта қисми зиёди аҳолии ин водии биҳиштосоро ба Дашти Мирзочӯли вилояти Суғд муҳоҷир намуда буданд. Вале, меҳру муҳаббати зиёди аҷдодии ба ҷойҳои таваллуду бобогӣ дошта, чанде аз оилаҳои мардуми кӯҳистони яғнобиҳоро боз ба диёри бобогиашон кашиду, онҳо дар ҳар қуллаю теппаҳо хонаҳои хешро аз нав бунёд намуданд.
Сокинони ин водии нотакрори Яғноб аз дастгириҳои падаронаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2011 ба водии Яғноб сафарӣ кориро анҷом дода буданду то кунун аз дастгириҳои Сарвари давлат сидқану қаблан миннатдор буданашонро гаштаю баргашта такрор менамуданд.
Сафари илмию омӯзишии мо ба ин водии кӯҳистону хуррам, ки дар фасли гармои тобистон хеле салқин буд ва ба кас, ки агар аз дигар манотиқи кишварамон бори аввал ба ин ҷо қадам ранҷа намуда бошад, ҳаловати як умр хотирмонро боқӣ мегузорад. Мо дар вақти сафарамон бо чанде аз сокинони ин водии биҳиштосо суҳбатҳо барпо намудем ва онҳо аз ин вохӯриҳо хело хушҳол мегаштанд ва хислати беҳтарини мардуми кӯҳистон – меҳмоннавозиро аз таҳти дил нишон медоданд. Ба мо хело ҳам санъати волои яғнобиҳо дар парвариш зироатҳои кишоварзӣ, аз қабили картошка, гандум, мулк, ҷав, инчунин зироатҳои хӯроки чорво, аз қабили себаргаҳои кӯҳӣ, юнучқа, мунҷ, алафҳои табиӣ ва ғайраҳо хело писанд омад. Мувофиқи нақли онҳо дар парвариши зироатҳои кишоварзӣ онҳо асосан аз ҳайвонҳои хонагӣ ва аз поруҳои маҳаллии органикӣ истифода мебаранд, ки маҳсулоти кишоварзии ба даст овардаи онҳо, аз нуқтаи назари экологӣ шояд ҳамто надошта бошанд. Инчунин, дар ин киштзорҳо, алалхусус дар картошказорҳо ягон ниҳоли касал ва ҳашаротҳои зараррасон, аз қабил қунғузи колородӣ, ки дар дигар митақаҳои ҷумҳурӣ деҳқоноро хело ба ташвиш меоварад, тамоман ба чашм намерасанд. Чанд рӯзе, ки мо дар водии Яғноб мондем ва пиёда чандин фарсахҳои роҳҳои кӯҳиро тай менамудем, вале аз сабаби салқинию тоза будани ҳаво мо мондашавиро тамоман ҳис намекардем. Ин худ гувоҳи он буд, ки барои саломатии одамон обу ҳавои ин водии кишварамон дар оянда метавонад макони барқарор намудани саломатии одамон ва туризми экологӣ бошад. Чизи дигаре, ки барои мо хело хотирмон буд, ин дар ҳар деҳа пойдор будани нерӯгоҳҳои хурди обӣ ва саросар таъмин будани аҳолӣ бо қувваи барқ буд. Қариб тамоми чунин нерӯгоҳҳои хурди обии деҳаҳоро дар водии Яғноб, асосан як нафар сокини деҳаи Ғармен, Каримов Сангинмуроди физик бунёд намудааст, ки тахминан муйсафеди қариб 70 сола мебошад ва ҳоло хело кордону чақонанд. Он кас аз мо хело илтимос намуданд, ки ба вай усули дурагакунии навъҳои картошкаро нишон диҳем, ки мо инро бо хушнудӣ ба ҷо овардем ва он боиси хушҳолии беканори он кас гардид. Мо ба ин марди меҳнатдӯсту меҳмоннавоз тухмиҳои чанде аз зироатҳои кишоварзиро, ки бо худ оварда будем, тақдим намудем, ки он кас хело ҳам хушҳол гардиданд. Боз ба он кас ваъда додем, ки соли оянда тухмиҳои намунаю навъҳои серҳосле, ки дар институт ба даст оварда шудаанд, аввали баҳор оварда, дар он ҷо як санҷишгоҳи илмии зироатҳоро ба роҳ хоҳем монд. Дар фарҷоми сафарамон, мо аз водии Яғноб тухмиҳои чандин намунаҳои зироатҳои қадимаи кишоварзии бобогиро бо худ овардем, ки онҳо дар корҳои селексионӣ истифода хоҳанд гардид.
Дар рафти сафарамон ва аз суҳбатҳо бо мардуми меҳмоннавози водии Яғноб мо пайдо намудем, ки барои рушди минбаъдаи ин водии зебоманзару макони саломативу рушди кишоварзиву экосайёҳӣ, пеш аз ҳама роҳу купрукҳои ин диёри аҷдодӣ бояд каме таъмиру васеъ гардонида шаванд. Ба андешаи мо чизи дигаре, ки ба мардуми муқимии ин водӣ хело муҳим аст, ин дар чанде аз деҳаҳо барқарор намудани мактабҳои ибтидоӣ (то синфҳои чорум, ки то соли 2021 вуҷуд доштанд) ва бунёди бунгоҳҳои тиббӣ аз тарафи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ҳукумати кишварамон хеле заруранд.
Мо аз ин сафар бо як ҷаҳон умеду орзӯҳои некбинона оиди боз ҳам хурраму зебо гардидани ин гушаи биҳиштосои Тоҷикистони азизамон – водии Яғноб ва бо дунёи таасуротҳои фаромӯшнашавандаи илмию амалӣ баргаштем…
Қурбоналӣ ПАРТОЕВ, доктори илмҳои кишоварзӣ,
Мавлон ҚУРБОНОВ, номзади илмҳои кишоварзӣ,
Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Махсус барои сомонаи радиои “Тоҷикистон”