Зиёд гардидани ғалатҳои имлоӣ дар муқоиса ба соли гузашта

Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Зимни нишаст гуфта шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 22 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 22 нафар моҳиятан баррасӣ карда шуда, ба шахсони ҳуқуқвайронкунанда ҷазои ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 22 ҳазору 968 сомонӣ таъйин гардида, аз ин маблағ 9 ҳазору 936 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли 2024 аз ҷониби коршиносони Кумита 4 фарҳангномаи тахассусӣ, 1 адад Феҳристи номи олоти низомӣ – силоҳҳои сард ва матни 5 адад филмномаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мавриди баррасӣ қарор дод, ки дар умум – 69.7 ҳазор истилоҳро дар бар мегиранд. Ба гуфтаи Олимҷон Муҳаммадҷонзода ин нишондод бобати коркарду баррасии истилоҳот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 маротиба ё 98,3% зиёдтар аст.

Дар идомаи нишаст гуфта шуд, ки дар 6 моҳи соли 2024 Кумита ба 13 номи маҳалли аҳолинишин хулоса пешниҳод намудааст, ки ин дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар мебошад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Дуруст бинависем» нашр карда шуд. Ҳамзамон нусхаи ниҳоии «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» пас аз таҳриру такмили ниҳоӣ дар ҳаҷми 530 саҳифа ба чоп супорида шуда, маҷмуаи мақолаҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Забони миллӣ ва Ваҳдати миллӣ» дар ҳаҷми 384 саҳифа ба нашр расид.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”