Хайрулло Назарзода ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки мо дар солҳои минбаъда ният дорем, баъд аз таъмири толори варзишгоҳи донишгоҳ, аз ҳисоби энергияи барқароршаванда тамоми бинои донишгоҳро бо қуваи барқи худӣ ва оби гарм таъмин намоем. Ба таъкиди ӯ айни замон дар донишгоҳ стансияи электрикии офтобӣ бо иқтидори 5 киловат фаъолият дорад, ки он дар ҳамкорӣ бо ширкати ватании Гидроэлетромантаж сохта шудааст.
Дар масъалаи сатҳи забономӯзӣ Ҷамшед Машокиров муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон қайд намуд, ки дар баробари курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин гуруҳҳое ҳастанд, ки раванди дарс дар онҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ба таъкиди Ҷамшед Машокиров қисми зиёди курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз тарафи намояндагони Донишгоҳи осиёи марказӣ ташкил шудаанд ва дар онҳо натанҳо донишҷӯёну омӯзгорон, инчунин роҳбарияти донишгоҳ низ ба забономӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”