Дар шашмоҳи соли равон аз ҷониби шабакаҳои телевизионӣ беш аз 34 барномаи калонҳаҷми консертӣ ба навор гирифта шуд

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи репертуарии гурӯҳҳо ва ҳунармандон барои семоҳаи якум ва дуюм таҳия ва тасдиқ гардида, ҳамзамон, баҳри сабти сурудҳои нав 128 матни шеърҳо барои баррасӣ ба Шурои таҳрир ва 34 матни шеърҳо ба ҳайати эҷодӣ ва кумитаҳои тадорукотии ҷашнҳо пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин, аз ҷониби шабакаҳои телевизионӣ 34 барномаи консертӣ ба навор гирифта шуда, аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт ва 32 рақс саҳнавӣ гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нашасти матбуоти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ансамблҳои давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов ва давлатии «Фалак», ансамбли рақсии   «Гулрез», ансамбли эстрадии «Ориё», ансамбли «Дарё» ва Мактаби бачагонаи рақсии «Меҳрона» баҳри ғанӣ гардонидани хазинаи телевизион ва радио, инчунин, омода намудани барномаҳои пурмуҳтавои фарҳангӣ дар сатҳи баланди ғоявию маънавӣ фаъолияти пурсамар нишон доданд.                 

Ҳунармандони дастаҳои ҳунарии Кумита дар давраи ҳисоботӣ дар чорабинии илмӣ-фарҳангӣ, ки бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар бинои Бахши мутолиаи Шарқӣ ва Африқоии Донишгоҳи Лондон (SOAS) ва мактаби мусиқии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, инчунин, дар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бо  барномаҳои консертӣ ҳунарнамоӣ намуданд.

Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ, бо мақсади ҷалби ҷавонони боистеъдод ба гурӯҳҳои ҳунарӣ 8 мутахассиси ҷавон барои фаъолияти минбаъдаи эҷодӣ ба дастаҳои ҳунарии Кумита ҷалб гардиданд.