ҶОМИ МЕРДЕКА – 2024. ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МУСОБИҚА ИШТИРОК МЕНАМОЯД

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар 42-юмин Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека», ки дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи сентябр баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд. Бояд зикр кард, ки дар ин мусобиқоти сатҳи баланд ба ҷуз аз дастаи мунтахаби яккачини Тоҷикистон, дастаҳои мунтахаби Малайзия, Лубнон ва Филиппин иштирок мекунанд.

Тибқи низомнома, дастаҳо ду ҷуфти даври ниманиҳоиро ташкил дода, баъдан ғолибон дар финал ва мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм вомехӯранд.

Хотиррасон мешавем, ки мусобиқаи «Ҷоми Мердека» аз 2 то 10 сентябр дар Куала-Лумпур баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барандаи феълии «Ҷоми Мердека» мебошад.

Соли гузашта дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар финали мусобиқа бар дастаи мунтахби яккачини Малайзия бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буд.

Бояд гуфт, ки рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 25 марти соли 2025 шуруъ мешавад, 19 декабри соли равон маълум мегарданд.

М. Пардаев