Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар барқияаш навиштааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли мамнуният табрикоти самимии хешро ба муносибати савгандёдкунии дарпешистодаатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоям.
Умедворам, ки раванди ҳамкориро барои манфиати мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла тариқи Ҳамоҳангсози муқими СММ ва ҳайати кишварии СММ дар Тоҷикистон, инчунин Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ идома хоҳем дод.
Созмони Милали Муттаҳид ба уҳдадорӣ ва дастгирии пайвастаи Тоҷикистон аз арзишҳо ва принсипҳои СММ, аз ҷумла дар соҳаи сулҳу амният, рушди устувор ва ҳуқуқи инсон такя мекунад.
Ҷаҳони имрӯза бо чолишҳои бесобиқа дар вокуниш ба бемории ҳамагири COVID-19 рубарӯ мебошад. Дар ҳоле ки чолишҳои мазкур таваҷҷуҳи саривақтиро талаб менамоянд, дигар масъалаҳоро низ наметавон канор гузошт. Ман боварии комил дорам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо ба ҳаллуфасли масъалаҳои мубрам, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, обу нигаҳдошти пиряхҳо, идомаи талошҳо барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва пуштибонӣ аз мултилатерализм содиқ хоҳад монд.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар иҷрои масъулиятҳоятон зимни даври нави президентӣ комёбиҳо орзӯ менамоям ва умедворам аз имконияти суҳбат бо Шумо, дар мавриди ҳамкориҳои густурдаи Созмони Милал ва Тоҷикистон бархурдор бошам.
Ҷаноби Олӣ, итминони маро ҷиҳати олитарин эҳтиромоти фоиқаам ба Шумо қабул фармоед».
Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.
Натиҷаҳои овоздиҳӣ далели сатҳи баланди дастгирии мардуми Тоҷикистон аз роҳи Шумо ба сӯи рушди босуботи кишвар мебошанд.
Итминон дорам, ки таҷрибаи ғании фаъолияти давлатии Шумо, иззату эҳтироми ҳамватанон ва обрӯву эътибори байналмилалиатон минбаъд низ ба таҳкими робитаҳои ҳамкории Россия ва Тоҷикистон, ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои мо мусоидат хоҳанд кард.
Ба Шумо ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон комёбиҳо ва некӯаҳволӣ орзумандам».
Номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат ҳамчунин аз номи Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд — Валиаҳд, муовини Раиси Шӯрои вазирон, Вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Наталия Герман — Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ ворид гардиданд.