Дар меҳмонхонаи “Кангурт”-и шаҳри Душанбе Форуми ташкилотҳои ҳавзавӣ баргузор гардид. Ин конфронс дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028 доир мегардад.
Дар кори ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ зиёда аз 110 коршинос ва таҳлилгари масоили обу иқлим аз хориҷи кишвар доир ба ташкилотҳои ҳавзавӣ иштирок ва суханрони намуданд. Форумро Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Ҷамшед Шоимзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳадафи форум ин пеша аз ҳама ташвиқи давлатҳои Осиёи Марказӣ барои муттаҳид кардани талошҳо дар самти ноил гардидан ба устувории об ва иқлим, ва дигар масалаҳо марбут ба об мебошад.
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки мақсади конфронс тақвияти саъю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид сабтшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои об дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии ташкилотҳои ҳавзавӣ дар доираи Конфренсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» то 13 июн идома меёбад. Дар ин бора ҳамкорамон Сураёи Сироҷиддин аз ҷараёни чорабинии мазкур хабар дод.