Ин лаҳзаҳо дар меҳмонхонаи Hyatt regency -и шаҳри Душанбе, ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист “Форуми ҷавонон ва кӯдакон бахшида ба масъалаҳои об ва иқлим” баргузор гардидда истодааст.
Форуми мазкур бахши “Конференсияи байналмилалии Душанбе бахшида ба об” ва Даҳсолаи амал барои об таҳти унвони “Об барои рушди устувор 2018-2028” мебошад, ки аз 10 то 13 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Маврид ба зикр аст, ки ин сеюмин “Форуми ҷавонон ва кӯдакон бахшида ба масъалаҳои об ва иқлим” аст, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Қабл аз ин чунин форум дар соли 2022 баргузоро гардида буд.
Дар “Форуми ҷавонон ва кӯдакон бахшида ба масъалаҳои об ва иқлим” намояндагони ҷавонон аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ва дигар намояндагони масъул ба ҳам омада, роҳҳои ҳамкории муштарак ва фарогири байни кишварҳо ва ҷавононро муҳокима карда, ба онҳо афзалият медиҳанд. Ҳадафи муколома ин суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори то соли 2030 марбут ба об мебошад. Имсол, барои аввалин бор дар таърихи Тоҷикистон ҷавонони кишварро шабакаи навтаъсиси “Ҷавонон барои об ва иқлим” намояндагӣ мекунанд.
Ҳадафи “Шабакаи ҷавонони Тоҷикистон барои об ва иқлим” баланд бардоштани зарфияти ҷавонон дар ҳалли чолишҳои марбут ба иқлим, тарғибу ташвиқи тадбирҳо дар робита ба об ва иқлим таҳти роҳбарии ҷавонон, инчунин татбиқ ва мониторинги «Нақшаи амали ҷавонони Тоҷикистон барои об ва иқлим» мебошанд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”