Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист ҷамъомади танавӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар пешниҳоду  баррасии масъалаҳои глобалии муҳитизистӣ дар ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор шинохта шудааст. Ин нуктаро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода  дар ҷамъомади тантанавие, ки дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист баргузор гардид, иброз намуд.

Тавре аз Кумитаи ҳифзи  муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ доданд, ки раиси кумита тамоми кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зистро табрик намуда, бо   натиҷагирӣ аз дастовардҳои  соҳаи ҳифзи муҳити зист дар солҳои Истиқлоли давлатӣ афзуд, ки   шаҳри Душанбе давоми даҳсолаи охир дар татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони баргузории чорабинию ҳамоишҳои гуногуни сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои обу иқлим гардидааст, ки ин раванд, пеш аз ҳама, ба беҳдошти глобалии муҳити зист мусоидат мекунад.

Дар ҳамоиш кормандон, аз ҷумла, собиқадорони соҳа низ сухан  намуда,  аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат таҳти ҳидоятҳои созандаи Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти пурсамари кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳои баланд доданд. Тибқи фармоиши раиси кумита як зумра фаъолон ва собиқадорони соҳаи муҳити зист бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии ҳифзи муҳити зист», «Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист» ва Ифтихорномаю Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон бегоҳии 5 июн Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шаршараи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист барномаи идонаи фарҳангию фароғатӣ баргузор намуд. Дар барномаи идона намоиши эҷодии хонандагону донишҷӯён ташкил гардида, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист чун иқдоми байналмилалӣ аз «Муроҷиатномаи Ментовӣ» ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид сарчашма гирифта, 11 майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҳанги 23 кишвари ҷаҳон ба имзо расидааст.

Соли 1972 дар пойтахти Шветсия-шаҳри Стокголм Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист доир гашт ва дар кори он намояндагони 113 давлати олам иштирок намуданд. Тибқи қарори қабулнамудаи ин конфронс 5 июн Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист эълон шуд ва он ҳамасола таҷлил мешавад.

Дар даврони соҳибиистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист дар сатҳи баланди тарғиботию ташвиқотӣ таҷлил карда мешавад. Аз ҷумла, дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри шаҳри Душанбе ва  дигар шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида шуда, масъалаҳои ҳалталаби муҳити зист мавриди таваҷҷуҳи умум қарор дода мешаванд.