Кишварҳои ОПЕК+ тасмим гирифтанд, ки созишномаи коҳиши истихроҷи нафтро то охири соли 2025 тамдид кунанд, хабар медиҳад агентии иттилоотии Синхуа. Тибқи маълумоти Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт ва шарикони он, истихроҷи ҷаҳонӣ тақрибан 40 миллион баррел дар як рӯз хоҳад буд.
Ба гуфтаи коршиносон, ин гурӯҳ дар пасманзари афзоиши сусти тақозои ҷаҳонӣ ба тиллои сиёҳ талош дорад, бозорро дастгирӣ кунад. Ҳоло он тақрибан 80 доллар барои як баррел фурӯхта мешавад, ки аз он чизе, ки бисёре аз аъзои иттифоқ талаб мекунанд, камтар аст.
Қобили зикр аст, ки танҳо як кишвар – АМА имкони афзоиши мизони иҷозаи истихроҷи нафтро дар соли оянда ба 300 ҳазор бушка дар як рӯз гирифт.