“Реал Мадрид” дар финал бар тими “Боруссия”-и Дортмунд ғолиб омада, ғолиби Лигаи Чемпионҳо гардид. Бозии ниҳоии Лигаи Чемпионҳо, дар варзишгоҳи «Уэмбли»-и Лондон (Англия) доир гардида, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи футболбозони дастаи “Реал Мадрид” хотима ёфт.
Дар дақиқаи 74-ум ҳимоятгари дастаи “Реал Мадрид” Даниэл Карвахал ҳисобро боз кард. Баъдан, дар дақиқаи 83-юми бозӣ бартарии тими шаҳри Мадридро ҳамлагар Винисиус Ҷуниор дучанд карда, ҳисоби ниҳоии бозиро ба 2:0 расонд.
Ёдовар мешавем, ки Реал Мадрид барои 15-умин бор дар таърихи худ ғолиби Лигаи Чемпионҳо гардид. Қаблан дастаи шаҳри Мадрид дар солҳои 1956, 1957, 1958, 1959, 1960, 1966, 1998, 2000, 2002, 2014, 2016, 2017, 2018 ва 2022 соҳиби ин ҷоиза шуда буд.