Имрӯз дар кинотеатри “Ватан” маросими ҷамъбасти озмуни “Тараннуми Ватан” баргузор гардида, ғолибони озмуни мазкур эълом шуданд.
Ҳамин тавр, ҷои аввал ба Шоира Мадалиева муносиб дониста шуд.
Ғолибони ҷойҳои дуюм:
- Бахтиёр Раҳмониен
- Зайнаб Ҳусейнова
Ғогибони ҷойҳои сеюм:
- Ғунчагул Нурализода
- Рустам Азимов
- Гулҷон Наҷмиддинова
Хабарнигорони Радиои Тоҷикистон ва радиои “Овози тоҷик” Боқӣ Шарифзода ва Бек Раҳмонӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Ғолибон бо Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи МД рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин барои ҷойи 1 –ноутбук, барои 2 ҷойи 2 – планшет, барои 3 ҷойи 3 – телефони мобилӣ тақдим гардид. Барои 4 иштирокчии фаъол, ки аз ҷониби комиссияи озмун холҳои бештарро ба даст меоранд – 4 ҳазор сомонӣ (ба ҳар нафар 1000 сомонӣ) ва ба 10 нафар иштирокчии фаъоли озмун соати ҳушманд (смарт часы) тақдим карда шуд.
Ёдрас мекунем, Озмуни мазкур аз 15-уми апрел то 15-уми май доир гардид.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дар доираи Моҳвораи ҷавонон озмуни ҷумҳуриявиро зери унвони “ТАРАННУМИ ВАТАН” эълон намуда буд.
Мақсад аз баргузории озмун боло бурдани ҳисси худшиносии ҷавонон, тарғиб ва тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ дар замири ҳар як фарди кишвар, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ ва кашфи истеъдодҳои ҷавон мебошад.
Иштирокчиёни озмун дар дилхоҳ гӯшаи табиати ватан бо телефони ҳамроҳи худ (ё дигар дастгоҳҳои наворбардорӣ) шеър, тарона ё сурудеро дар васфи ватан замзама намуда, онро ба унвонии рӯзнома ирсол намуданд. Маводҳои ирсолнамудаи иштирокчиён дар гурӯҳҳои фейсбукӣ ва ютубии рӯзнома ҷой гардидааст.
Барои муайян кардани ғолибон овоздиҳӣ (шарҳ – комментария), бештар мақбул донистани корбарон (лайк) ва бознашр (поделится) дар гурӯҳҳои фесбукӣ ба назар гирифта шуда, инчунин аз ҳисоби намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” комиссияи махсус ташкил шуда буд.