Қисмати дуюми рӯзи 16 апрели соли 2024 дар ҳошияи WFES муҳтарам Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаноби Алӣ Ал-Зоҳирӣ – Мудири иҷроияи ширкати аморотии Гурӯҳи Тадвир (Tadweer Group) вохӯрӣ намудааст. Дар ин бора саҳифаи фейсбукии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҳамсуҳбатон масъалаи имконияти ҷалби сармояи ширкати мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои шаҳрдорӣ, аз ҷумла идора ва коркарди партовҳои маишӣ ва саноатӣ бо истифода аз технологияҳои муосир муҳокима гардид.