Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии ОМ ва ШҲКАХФ оид ба Муколамаи стратегӣ

15 апрели соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс оид ба муколамаи стратегӣ иштирок ва суханронӣ намудааст.

Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, дар ин нишаст вазирон дар бораи ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳо бо тамаркуз ба татбиқи натиҷаҳои Нишасти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс, ки 19 июли соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир гардида буд, табодули афкор намуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни суханронӣ вазири корҳои хоричии Чумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин қайд кард, ки дар пасманзари таҳаввулоти босуръат дар сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ, муколамаи самимона ва боэътимод байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс аҳаммияти вежаро касб мекунад.

Аз натиҷаи ҷаласаи Баёнияи муштараки Ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс қабул гардид.